Январ 25, 2017 20:06 Asia/Dushanbe
  • Кашфи ҳашт пайкари дигар аз зери овори Пласко

Сухангуи Созмони оташнишонӣ ва хадамоти эминии шаҳрдори Теҳрон аз пайдо шудани пайкари ҳашт оташнишони дигар аз зери оворҳои Пласко дар ҳафтумин рӯзи ҳодиса оташсӯзӣ ва резиши ин сохтмон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷалоли Маликӣ рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон афзуд: Токунун 10 пайкар аз зери оворҳо хориҷ шуда ва бо эҳтисоби оташнишоне, ки дар бемористон токунун ҷон бохтани 11 оташнишон дар ин ҳодиса қатъӣ шудааст.  

Ҳангоми фурурехтани сохтмони Пласко 16 оташнишон даруни сохтмон буданд, ки ба ин тартиб ҳануз ҷасади панҷ оташнишони дигар дар зери оворҳост.  

Пайкари чаҳор шаҳрванди оддӣ ҳам рӯзи душанбе аз зери оворҳо берун оварда шуд.

Амалиёти оворбардорӣ ва ҷустуҷуи мафқудони ҳодисаи Пласко ҳамчунон идома дорад.

Имрӯз ҳамчунин эълом шуд, маросим ташйии пайкари оташнишонони шаҳид аз фардо панҷшанбе ба рӯзи дигаре мавкул шуд.