Ироқчӣ: Амрико, омили ноамнии минтақа аст
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба паёми ахири Сенткам таъкид кард: Амният ва сулҳи пойдор дар минтақа фақат бидуни мудохилаи хориҷӣ муҳаққақ мешавад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар посух ба паёми ахири Сенткам дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X, навишт: «Оё Фармондеҳии марказии Иёлоти Муттаҳида (Сенткам) барои минтақаи мо амният ба армағон овардааст ё ноамнӣ? Посух комилан равшан аст. Нерӯҳои мусаллаҳи қудратманди Эрон собит кардаанд, ки бегонагон ҳатто қодир ба ҳифозат аз худашон ҳам нестанд. Сулҳ дар минтақаи мо танҳо замоне пойдор хоҳад буд, ки фарогир ва ҳамашумул, ва бидуни ҳеҷ гуна мудохилаи хориҷӣ бошад».