Адои эҳтироми ҳайатҳои байналмилалӣ ба пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Эрон
-
Адои эҳтироми ҳайатҳои байналмилалӣ ба пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Эрон
Порс Тудей — Маросими адои эҳтироми шахсиятҳои хориҷӣ ба Оқои шаҳиди Эрон аз соате пеш дар Мусаллои Имом Хумайнии Теҳрон оғоз шудааст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, маросими адои эҳтироми шахсиятҳои хориҷӣ ба Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ ҳазрати Оятуллоҳ-ул-узмо Хоманаӣ (ризвонулоҳи алайҳ) имрӯз ҷумъа 3-юми июли соли 2026 дар Мусаллои Имом Хумайнии Теҳрон баргузор шудааст.
Дар ин маросим раҳбарони адён аз кишварҳои Русия, Ҳинд, Чин, Туркия, Ироқ, Босния ва Ҳерсеговина, Маҷористон ва Бангладеш ва ҷамъе аз муҷоҳидони Катоиби Ҳизбуллоҳи Ироқ ва ... ба пайкари мутаҳҳари Қоиди шаҳиди уммати исломӣ адои эҳтиром карданд.
Ҳамчунин уламо ва фарҳехтагони мазҳабӣ аз Индонезия ва Афғонистон, Аҳмад Масъуд (фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуд), ҳайате аз ҷунбиши Амали Лубнон, намояндагони ҷабҳаи муқовимат аз Сурия, Лубнон, Ироқ, Марокаш, Туркия, ҳайати Фотимиёни Афғонистон ва раҳбарони шиаи Покистон бо ҳузур дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) ба Раҳбари шаҳид адои эҳтиром карданд.
Фаъолони фарҳангӣ аз Испания, Эквадор ва Боливия ва намояндагони парлумон ва ҳизби Ҷумҳурии Булғористон низ дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) ҳузур ёфта ва ёду хотири Раҳбари шаҳидро гиромӣ доштанд.
Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил ва ҷамъе аз мақомҳои Эрон низ бар пайкари Имоми шаҳид адои эҳтиром карданд.
Ҳамчунин хонаводаи шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ ва ҷамъе аз фармондеҳони муқовимати Лубнон, ҳайате аз Ҷамъияти исломии кишвари Бангладеш, шуюх, ашоир, аҳзоби курди Иқлими Курдистон ва аъзои парлумони кишвари Ироқ, намояндагони аҳзоби миллии сиёсии Лубнон, асҳоби расонаи Лубнон, Ироқ ва Афғонистон, ҳайате аз Шаъбияи Фаластин, ҳайате аз раҳбарони ҳинду, шиаёни Таиланд ва Олмон, ҳайате аз уламои Русия, ҳайати аҳзоби Туркия, ҳайати Идораи олии мусулмонони Гурҷистон аз дигар гурӯҳҳое буданд, ки барои адои эҳтиром бар пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб дар Мусаллои Имом Хумайнӣ (р) ҳозир шуданд.
Ба гуфтаи Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар маросими видоъ бо пайкари Оқои шаҳиди Эрон илова бар наздик ба 100 кишвар ё ҳайати расмӣ, ё шахсиятҳо ва гурӯҳҳои мардумӣ, 8 раиси давлат ва 12 раиси Маҷлис ҳузур хоҳанд дошт