Ҷаҳон дар бадрақаи парчамдори муқовимат бапо хост
-
Ҷаҳон дар бадрақаи парчамдори муқовимат бапо хост
Порс Тудей- Теҳрон имруз ҷумъа бо ҳузури намояндагон, шахсиятҳо ва гуруҳҳои марумди аз ҳудуди 100 кишвар саҳнаи бадрақаи ҷаҳонии раҳбари шаҳиде шуд, ки парчамдори муқовимат, адолатхоҳи ва дифоъ аз мазлумонро фаротар аз марзҳои Эрон барафрошт.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА ойини расмии видоъ ва адои эҳтиром ба пайкари мутаҳҳари раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ аз соати 8 субҳ ҷумъа дар Теҳрон оғоз шуд ва то кунун идома дошта аст. Раисони давлтатҳо ва парлумонҳо, вазирони хориҷа, намояндагони вижаи кишварҳо, раҳбарони адён, андешмандон, шахсиятҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ ва гуруҳҳои мардуми аз ҳудуди 100 кишвар дар ин маросим ҳузур ёфтанд то бо раҳбари видоъ кунанд, ки ном ва андешаи Ӯ даҳҳаҳо бо истиқлолхоҳи, ваҳдати мусалмонон, озодии Фаластин ва истодагӣ дар баробари султагарони ҷаҳонӣ пайванд хурда буд.
Ин ҳузури густарда танҳо иҷмоъи ҳайатҳои расми ё ойини мутаъориф дар бадрақаи як раҳбари сиёсӣ набуд Теҳрон дар ин руз ба меъодгоҳи миллатҳо, адён, фарҳангҳо ва ҷараёнҳое табдил шуд, ки ҳар як дар симои раҳбари шаҳид бахше аз ормонҳои деринаи худ барои адолат озоди, истиқлол ва раҳоӣ аз султаро медиданд.
Исомили Бақоӣ сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон пеш аз баргузории маросим эълом карда буд, ки ойини видоъ ва ташиъи пайкари мутаҳҳари раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ натанҳо барои миллати Эрон балки барои мардуми минтақа, мусалмонон ва ҳамаи озодагони ҷаҳон як руйдоди таърихи ва бисёр муҳим ба шумор меравад.
У гуфта буд, ки меҳмонони аз ҳудуди 100 кишвар шомили шахсиятҳо, раисони давлатҳо, раисони парлумонҳо, вазирони хориҷа, намояндагони вижаи давлатҳо ва гуруҳҳои мутаъадиди мардуми дар ин маросим ширкат хоҳанд кард ҳузури имрузи ин ҳайатҳо абъоди ҷаҳони руйдодеро ошкор сохт, ки доманаи маънои он бисёр фаротар аз марзҳои ҷуғрофиёи Эрон имтидод ёфта аст.
Дар миёни анбуҳи парчамҳо, чеҳраҳо ва забонҳои гуногун як паёми муштарак шунида мешуд мардуме, ки барои адолат меистанд раҳбаронеро, ки дар сахтарин туфонҳо аз ҳақиқат ақиб наменшинанд фаромуш намекунанд раҳбароне, ки қудратро на барои осоиши шахси балки барои дифоъ аз каромати миллатҳо мехоҳанд дар ҳофизаи таърих боқи мемонанд ва ҳатто шаҳодат низ наметавонад пайванди онҳо бо озодагони ҷаҳонро аз миён бибарад.