Қолибоф: Шарти музокираи қавӣ, омодагии комил барои ҷанг аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125084-Қолибоф_Шарти_музокираи_қавӣ_омодагии_комил_барои_ҷанг_аст
Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки амният ва иқтисоди минтақа танҳо бо ҳамкорӣ ва ҳамафзоии кишварҳои исломӣ муҳаққақ мешавад, гуфт: «Бояд бо иттиҳод ва якпорчагӣ, кишварҳои исломиро ба ҳам наздик кунем ва онҳоро аз тасаллути Амрико ва Исроил хориҷ созем».
(last modified 2026-07-06T04:49:10+00:00 )
Июл 06, 2026 09:38 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Ан-Наъимӣ, муовини раисиҷумҳури Яман ва узви Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳ дар дидор бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
    Муҳаммад Ан-Наъимӣ, муовини раисиҷумҳури Яман ва узви Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳ дар дидор бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон

Порс Тудей — Раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон бо баёни ин ки амният ва иқтисоди минтақа танҳо бо ҳамкорӣ ва ҳамафзоии кишварҳои исломӣ муҳаққақ мешавад, гуфт: «Бояд бо иттиҳод ва якпорчагӣ, кишварҳои исломиро ба ҳам наздик кунем ва онҳоро аз тасаллути Амрико ва Исроил хориҷ созем».

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммад Ан-Наъимӣ, муовини раисиҷумҳури Яман ва узви Шӯрои олии сиёсии Ансоруллоҳ, дар ҳошияи маросими видоъ бо пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, рӯзи якшанбе бо Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Қолибоф дар ин нишаст, зимни қадрдонӣ аз ҳузури ҳайати яманӣ дар маросими видоъ бо пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби Исломӣ, аз истодагии мардум ва Ансоруллоҳи Яман дар баробари зулм ва муҳосираи иқтисодӣ қадрдонӣ кард ва гуфт: «Ансоруллоҳ ва мардуми Яман нишон доданд, ки дар баробари иқдомоти хилофи қавонини байналмилалӣ ва зулми ситамгарон, истодагӣ мекунанд ва дар арсаҳои иқтисодӣ, низомӣ ва сиёсӣ, намоише аз қудрати якпорчаи ҷабҳаи муқовимат ироа доданд».

Вай бо ишора ба шикасти Амрико ва режими саҳюнистӣ дар ҷанги Рамазон, афзуд: «Дар тафоҳумномаи ахир, Амрико ва Исроил ночор шуданд, ки муттаҳидони Эрон дар ҷабҳаи муқовиматро амалан ба расмият бишиносанд ва ин аз дастовардҳои ин тафоҳумнома аст. Эрон ва ҷабҳаи муқовимат дар канори ҳам, дар муқобили Амрико ва Исроил истоданд ва ин тафоҳумнома аз ҷиҳати низомӣ ва сиёсӣ, барои Амрико шикаст ва дастоварде барои ҷабҳаи муқовимат маҳсуб мешавад».

Вай бо таъкид бар ин ки шарти музокираи қавӣ, омодагии комил барои ҷанг аст, тасреҳ кард: «Амрикоиҳо ва режими саҳюнистӣ агар як лаҳза эҳсоси сустӣ ё камбуди рӯҳияи муҷоҳидат дар мо кунанд, ба ҷанг рӯ меоваранд».

Қолибоф бо ишора ба зарурати ҳамгароии кишварҳои исломӣ, хотирнишон кард: «Имрӯз бархе кишварҳои исломӣ, ки таҳти нуфузи Амрико буданд ва бо режими саҳюнистӣ иртибот доштанд, мутаваҷҷеҳ шуданд, ки на Амрико ва на Исроил барои онҳо амният ва иқтисод намеоварад. Мо бояд бо иттиҳод ва якпорчагӣ, кишварҳои исломиро ба ҳам наздик кунем».

Муҳаммад Ан-Наъимӣ, муовини раисиҷумҳури Яман низ дар ин дидор бо таъкид бар ҳифзи ваҳдати ҷабҳаи муқовимат, афзуд: «Он чӣ дар Эрон дар тӯли ҷанги ахир рух дод, ба мактабе барои ҳамаи ҷабҳаи муқовимат табдил шуд ва иқдомоти сиёсии Эрон низ дарсомӯз буд».