Бадрақаи мондагор ; поёни ҳамосаи ташйиъи миллионии Раҳбари шаҳиди Инқилоб дар Қум
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125106-Бадрақаи_мондагор_поёни_ҳамосаи_ташйиъи_миллионии_Раҳбари_шаҳиди_Инқилоб_дар_Қум
Порс тудей - Маросими бошукӯҳи ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе бо ҳузури миллионии мардум аз масҷиди муқаддаси Ҷамкарон то наздиктарин нуқта ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) дар шаҳри Қум , поён ёфт.
(last modified 2026-07-07T15:58:14+00:00 )
Июл 07, 2026 19:01 Asia/Dushanbe
  •   Ташйиъи миллионии Раҳбари шаҳиди Инқилоб дар Қум
    Ташйиъи миллионии Раҳбари шаҳиди Инқилоб дар Қум

Порс тудей - Маросими бошукӯҳи ташйиъи пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ рӯзи сешанбе бо ҳузури миллионии мардум аз масҷиди муқаддаси Ҷамкарон то наздиктарин нуқта ба ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) дар шаҳри Қум , поён ёфт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , аз нахустин соъоти бомдоди сешанбе масири ҳафткилометрии миёни масҷиди муқаддаси Ҷамкарон то ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Маъсӯма ( с ) дар шаҳри Қум , аз ибтидо то интиҳо дар сайтараи ҷамъияте буд, ки барои охирин бадрақа(гусел)и Раҳбари шаҳиди Инқилоб гирди ҳам омада буданд. Ҳаракати мардум борҳо бо мавҷи эҳсосоти мардум , ашкҳои беихтиёр ва шиорҳои « лаббайк ё Хоманаӣ » ва « ин ҳамаи лашкар омада , ба ишқи раҳбар омада » ҳамроҳ мешуд .
Мардум аз дуртарини шаҳрҳо ва рӯстоҳои Эрон  шабона худро ба Қум расонда буданд . Бархе соъатҳо дар масир буданд то танҳо чанд лаҳза дар ин бадрақаи торихӣ ҳузур дошта бошанд ; ҳузуре ки барои бисёре , адои дайн ба солҳо раҳбарӣ , муҷоҳидату истодагии Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ буд.
Дар миёни ҷамъият қавмҳои мухталифи Эрон бо либосҳои маҳаллӣ , аз турку луру балӯч ва курд гирифта то арабу туркман дар канори якдигар истода буданд. Толибони ғайриэронӣ низ аз кишварҳои мухталиф бо парчамҳои миллии худ дар маросим ҳозир буданд . Ҳузури густардаи онон нишон медод андӯҳи ин рӯз танҳо ба марзҳои Эрон маҳдуд несту ҳавзаҳои илмия ва дӯстдорони Инқилоби исломӣ дар кишварҳои мухталиф низ худро шарики ин мусибати бузург медонанд .
Яке аз ҷилваҳои камназири ин маросим ҳузури пуршумори навҷавонону ҷавонони даҳаҳои ҳафтод , ҳаштод ва навадӣ буд . Насле ки бисёре аз онон даврони кӯдакии худро бо суханон ва раҳнамӯдҳои Раҳбари шаҳид сипарӣ карда буданд , имрӯз шона ба шонаи наслҳои нахусти Инқилоб , дар маросими видоъ ҳузур доштанду тасвире аз тадовуми роҳу ормонҳоро ба намоиш гузоштанд .
Дар тӯли масир парчамҳои сурхи « ёс-сороти алусайн » манёври хашм медод ва паёми хунхоҳиву идомаи роҳи шаҳидонро фарёд мезад. Дар дастони мардум низ тимсолҳои раҳбари шаҳиди инқилоб ва ҳазрати оятуллоҳ Сайиди Муҷтабои Ҳусайнии Хоманаӣ дида мешуд, ки бар шукуҳу маънавияти маросими афзуда буд .
Шаҳри Қум имрӯз танҳо мизбони як маросим ташйиъ набуд ; ин шаҳр саҳнаи таҷаллии ишқ , вафодорӣ ва ҳамбастагии миллате шуд, ки бо ҳузури чандмиллионӣ , барги дигаре бар дафтари ҳамосаҳои Инқилоби исломӣ афзуд ; бадрақае, ки бетардид дар ҳофизаи торихии Эрон барои ҳамеша мондагор хоҳад монад .
Пайкари Раҳбари шаҳиди Инқилоб рӯзи душанбе низ дар миёни ҷамъияти миллионии азодорон дар Теҳрон ташйиъ шуда буд . Пайкари ишон рӯзи сешанбеи 16 тирмоҳи 1405 дар шаҳри муқаддаси Қум ташйиъ шуд . Ҳамчунин рӯзи чаҳоршанбе 17 тир дар шаҳрҳои Наҷафу Карбало ва рӯзи панҷшанбеи 18 тирмоҳи 1405 дар Машҳади муқаддас ташйиъ мешавад ва дар ҳарами малакӯтии Имом Ризо ( а ) ба хок супурда хоҳад шуд.