Ғарибободӣ: Эрон ба нақзи тафоҳуми Исломобод посухи қотеъ медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125112-Ғарибободӣ_Эрон_ба_нақзи_тафоҳуми_Исломобод_посухи_қотеъ_медиҳад
Порс Тудей- Муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон, ҳамлаи Амрико ба аҳдофе дар ҷануби Эронро мисдоқи нақзи ҷиддии бандҳои 1 ва 2-и ёддошти тафоҳуми Исломобод донист ва таъкид кард: Эрон иқдомоти қотеъеро дар сиёнат аз манофеъ ва амнияти миллии худ анҷом хоҳад дод.
(last modified 2026-07-08T09:17:42+00:00 )
Июл 08, 2026 14:07 Asia/Dushanbe
  • Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон
    Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон

Порс Тудей- Муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон, ҳамлаи Амрико ба аҳдофе дар ҷануби Эронро мисдоқи нақзи ҷиддии бандҳои 1 ва 2-и ёддошти тафоҳуми Исломобод донист ва таъкид кард: Эрон иқдомоти қотеъеро дар сиёнат аз манофеъ ва амнияти миллии худ анҷом хоҳад дод.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон бомдоди чоршанбе дар вокуниш ба ҳамлаи Амрико ба аҳдофе дар ҷануби Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ навишт: Иқдоми Амрико дар лағви исқотиаи таҳрими фурӯши нефти Эрон, мисдоқи нақзи фоҳиши банди 10 ва амалиётҳои низомии баъдии ин кишвар алайҳи Эрон низ мисдоқи нақзи ҷиддии бандҳои 1 ва 2-и ёддошти тафоҳуми Исломобод аст.

Ғарибободӣ афзуд: Амрико дар 3 ҳафтаи гузашта низ ба воситаи иқдомоти режими саҳюнистӣ дар Лубнон ва изҳороти таҳдидомез алайҳи Эрон, борҳо муртакиби нақзи бандҳои 1 ва 2-и ёддошти тафоҳум шудааст.

Муовини байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Эрон зимни ҳушдори ҷиддӣ дар бораи паёмадҳои паймоншикании Амрико, иқдомоти қотеъеро дар сиёнат аз манофеъ ва амнияти миллии худ анҷом хоҳад дод.