Сарлашкар Абдуллоҳӣ : Қотилони Қоиди шаҳидро қассос хоҳем кард
Порс тудей - Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё ( с )-и Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме навишт : Ин сӯгу хашми муқаддас дар масири хӯнхоҳии қотилони Қоиди шаҳид ва раҳбари мусулмонону озодагони ҷаҳон ва шуҳадои мазлӯми ҷангҳои таҳмилии дувум ва сеюм истимрор(идома) хоҳад ёфту ононро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, дар матни паёми сарлашкари халабон Алии Абдуллоҳӣ омадааст : Бо арзи таслияту таъзият ба муносибати шаҳодати пешвои мусулмонону озодагони ҷаҳон , ҳазрати оятуллоҳилъузмо Имом Хоманаӣ ( қудси Аллоҳу нафсаз-закия ) , ба маҳзари ҳазрати бақиятулллоҳилаъзам ( рӯҳӣ ва арвоҳуно фидоа ) , раҳбари фарзонаи Инқилоб , ҳазрати оятуллоҳилъузмо Имом Сайид Муҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ ( муддазилалъолӣ ) ва уммати исломӣ ; дар рӯзҳои гузашта , ҷаҳон шоҳиди халқи ҳамосаи камназиру мондагор дар таърих буд.
Дар идомаи ин паём омадааст : Ойини ташйиъу бадрақаи Имоми шаҳиди уммат , ба унвони намоду ҷилвае аз шукуҳ , басират , имон , ҷиҳоду муқовимат дар ҳофизаи башарият ба сабт хоҳад расид.
Дар паёми фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё омадааст : Инҷониб зимни адои эҳтиром ба мақоми шомихи он қоиди шаҳиди азимушшаън , бар худ фарз медонам маротиби сипосу қадрдонии амиқи хешро аз миллати беназир , шарофатманду бузурги Эрон ва мардуми салаҳшӯр , масъӯлон ва неруҳои мусаллаҳи Эрон, бародару дӯст Ироқ , размандагони Ислом ва тамомии мусулмонону озодагони ҷаҳон, ки бо ҳузури беназиру маънодори худ дар ойинҳои видоъу бадрақаи сайиди шаҳидони Инқилоби исломӣ ва ҷабҳаи муқовимат ҳамосаи бузург офариданд , иброз намоям .
Сарлашкар Абдуллоҳӣ дар паёми худ овардааст : Ҳузури бесобиқаи уммати исломӣ , фаротар аз як маросими видоъ , фарёди расои ҳақталабӣ ва хати бутлоне бар нақшаҳои мустакбирони олам буд, ки ҳаққу ботилро ба вузӯҳ аз якдигар ҷудо сохт . Ин хезиши инсонӣ таҷаллигоҳи пайванди амиқи миёни иродаи миллатҳои бедор бо масири мутаъолии шаҳодат аст.
Дар идомаи ин паём омадааст : Дунё ва сардамдорони куфру истикбори ҷаҳонӣ , ба вижа Амрикои ҷинояткор ва режими хабиси саҳюнистӣ , мабодо ҳузни ҷорӣ дар чашмони миллат ва хурӯши бархеста аз ин андӯҳро ба ҳисоби заъф бигузоранд.
Фармондеҳи қароргоҳи марказии Хотамуланбиё дар паёми худ таъкид кард : Ин сӯгу хашми муқаддас дар масири хӯнхоҳии қотилони Қоиди шаҳид ва раҳбари мусулмонону озодагони ҷаҳон ва шуҳадои мазлӯми ҷангҳои таҳмилии дувум ва сеюм , истимрор хоҳад ёфту ононро ба сазои аъмолашон хоҳад расонд.
Сарлашкар Абдуллоҳӣ дар паёми худ овардааст : Фарзандони барӯманду диловари миллат дар неруҳои мусаллаҳ , бо таваккулу ёрии Худованди мутаъол ва ҳамроҳии миллатҳои мусулмону озодихоҳ бо иқдоми инқилобӣ , хобро аз чашмони душман хоҳанд рабуд ва омилони ин ҷиноёти террористиро дер ё зуд қассос хоҳанд кард.