Пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ором гирифт
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125128-Пайкари_мутаҳҳари_Раҳбари_шаҳиди_Инқилоби_исломӣ_дар_ҳарами_мутаҳҳари_Разавӣ_ором_гирифт
Порс тудей - Пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ ва хонаводаи шаҳиди ишон пас аз ойини ташйиъ ва иқомаи намоз дар равоқи Доруз-зикр ва дар наздикии Равзаи мунаввара ором гирифт.
(last modified 2026-07-10T14:55:27+00:00 )
Июл 10, 2026 19:51 Asia/Dushanbe
  • Пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ором гирифт
    Пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ дар ҳарами мутаҳҳари Разавӣ ором гирифт

Порс тудей - Пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоби исломӣ ва хонаводаи шаҳиди ишон пас аз ойини ташйиъ ва иқомаи намоз дар равоқи Доруз-зикр ва дар наздикии Равзаи мунаввара ором гирифт.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , пайкари мутаҳҳари Раҳбари шаҳиди Инқилоб , ҳазрати оятуллоҳилъузмо Сайидалии Ҳусайнии Хоманаӣ дар ҷавори нӯронии ҳазрати Имом Ризо (а) ором гирифт ва ба хок супурда шуд.
Шӯрои ҳамоҳангии таблиғоти исломии устони Қум эълом кард : Маросими бузургдошти Қоиди шаҳиди уммат аз сӯи Мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуаллоҳ Имом Сайид Муҷтабо Хоманаӣ( ҳафизаллоҳи таъоло) ҷумъа 19 тирмоҳ , пас аз намози мағрибу ишоъ дар ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Фотимаи Маъсӯма(с.а) баргузор мешавад.