Раиси тими музокиракунандаи Эрон: Даврони тавофуқоти яктарафа тамом шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125146-Раиси_тими_музокиракунандаи_Эрон_Даврони_тавофуқоти_яктарафа_тамом_шуд
Порс Тудей - Раиси тими музокиракунандаи Эрон хитоб ба амрикоиҳо гуфт: Даврони тавофуқоти яктарафа ба поён расидааст; ба тааҳҳудоти худ амал мекунед ё баҳои амал накарданро мепардозед.
(last modified 2026-07-12T08:37:48+00:00 )
Июл 12, 2026 13:35 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси тими музокиракунандаи Эрон
    Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси тими музокиракунандаи Эрон

Порс Тудей - Раиси тими музокиракунандаи Эрон хитоб ба амрикоиҳо гуфт: Даврони тавофуқоти яктарафа ба поён расидааст; ба тааҳҳудоти худ амал мекунед ё баҳои амал накарданро мепардозед.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, Муҳаммадбоқир Қолибоф рӯзи якшанбе дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии X навишт: Даврони тавофуқоти яктарафа ба поён расидааст. Ба шумо гуфта будем, ки ба қавл ва тааҳҳудотатон амал кунед, вагарна бояд баҳояшро бипардозед, ҳоло бояд бо воқеият рӯбарӯ шавед.

Раиси тими музокиракунандаи Эрон ҳамчунин бахше аз банди панҷуми тафоҳумномаи 14-бандиро, ки дар он бар бозкушоии Тангаи Ҳурмуз бо риояти «тартиботи эронӣ» таъкид шудааст, дар замимаи твитти худ мунташир кард.