Сарлашкар Ризоӣ: Интиқом парвандаи ҷадиди ҷанги таҳмилии севум аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125152-Сарлашкар_Ризоӣ_Интиқом_парвандаи_ҷадиди_ҷанги_таҳмилии_севум_аст
Порс Тудей- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси 8 сола гуфт: Интиқом парвандаи ҷадиди ҷанги таҳмилии ахир аст ва набояд тасавур шавад, ки бо пайгирии ҳуқуқии ё поёни даргириҳои низомӣ ин парванда баста хоҳад шуд.
(last modified 2026-07-12T15:07:48+00:00 )
Июл 12, 2026 20:03 Asia/Dushanbe
  • Генерал Муҳсини Ризоӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси ҳашт сола
    Генерал Муҳсини Ризоӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси ҳашт сола

Порс Тудей- фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси 8 сола гуфт: Интиқом парвандаи ҷадиди ҷанги таҳмилии ахир аст ва набояд тасавур шавад, ки бо пайгирии ҳуқуқии ё поёни даргириҳои низомӣ ин парванда баста хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо генерал Муҳсини Ризоӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси 8 сола гуфт: Ташиъи бошукуҳи раҳбари шаҳиди инқилоби исломӣ бозтоби густардаи дар минтақа ва ҷаҳон дошт ва бисёри аз таҳлилгарон ва расонаҳои байналмилалӣ аз азамати ин ҳузури мардуми шигифтзада шуданд.

Генерал Ризоӣ бо баёни ин ки шаҳодати раҳбарон ва шахсиятҳои бузург масири як миллатро мутавақиф намекунад таъкид кард: Ин ҳодиса сабаби тақвияти гуфтумони инқилоби исломӣ ва афзоиши ангезаи миллати Эрон барои идомаи роҳ хоҳад шуд.

Муҳсини Ризоӣ таъкид кард: Имруз ду масъулияти бузург бар уҳдаи миллати Эрон қарор дорад аввал пайгири интиқом ва дувуми истимрори инқилобе ки бо ваҳдат ва ҳузури мардум шакл гирифта аст.

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон дар даврони дифоъи муқаддаси 8 сола таъкид кард: Таҷовуз ба ҳарими раҳбари ва амнияти миллии Эрон убур аз яке аз муҳимтарин хутути қирмизи Ҷумҳурии Исломӣ аст ва миллати Эрон бар асоси ҳуқуқи байналмилал ва ҳамчунин эътиқодоти динии худ ҳаққи дифоъ ва мутолибаи ҳуқуқи хешро маҳфуз медонад.

Вай бо таъкид бар ҳифзи инсиҷоми милли гуфт: Миллати Эрон ҳамонгунае ки дар баробари фишорҳо ва таҳдидҳо истодаги карда аст бо ваҳдат, муқовимат ва табаъият аз раҳнамудҳои Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ масири худро идома хоҳад дод.