Кинояи Ироқчӣ ба Трамп: Мо мунсифтар хоҳем буд
-
Аббос Ироқчӣ, вазири хориҷаи Эрон
Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокунише кинояомез ба иддаоҳои Доналд Трамп бо интишори посте навишт: Эрон ҳамвора ҳофизи амнияти Тангаи Ҳурмуз буда ва хоҳад монд. Албатта 20 дарсад рақами бисёр болое аст; мо мунсиф хоҳем буд!
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокунише кинояомез ба раисиҷумҳури Амрико, ки хостори дарёфти 20 дарсад авориз ва ғаромат аз Тангаи Ҳурмуз шудааст, бо интишори посте дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: Раисиҷумҳури Амрико комилан дуруст мегӯяд. Ҳар кӣ убури амн ва эмини киштиҳои тиҷоратӣ аз Тангаи Ҳурмузро таъмин мекунад, шоистаи дарёфти ҳазинаи ин хидмат аст.
Вай афзуд: Эрон ҳамвора ҳофизи амнияти Тангаи Ҳурмуз буда ва барои ҳамеша низ чунин хоҳад монд. Албатта 20 дарсад рақами бисёр болое аст; мо мунсиф хоҳем буд!