Ироқчӣ: То охирин нафас аз ваҷаб ба ваҷаби сарзаминамон дифоъ мекунем
-
Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей- Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҷовузи низомии Амрико ба ҷануби Эрон ва шаҳодати шуморе аз ғайринизомиён, гуфт: То охирин нафас аз ваҷаб ба ваҷаби сарзаминамон дифоъ мекунем.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Тасним, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба таҷовузи низомии Амрико ба ҷануби Эрон ва шаҳодати шуморе аз ғайринизомиён дар саҳифаи шахсии худ навишт: Се нафар аз аҳолии деҳа ҳангоми убур аз пули Бандари Хамир ба шаҳодат расиданд. Онон комилан бегуноҳ буданд ва мо ҳаргиз иҷоза нахоҳем дод хуни покашон поймол шавад. Эрон, ватани мост; аз ҷануб то шимол ва аз шарқ то ғарб. Мо аз ваҷаб ба ваҷаби ин сарзамин то охирин нафас дифоъ хоҳем кард.
Муҳаммадризо Ориф, муовини аввали раисиҷумҳури Эрон низ дар вокуниш ба таҷовузи низомии Амрико ба ҷануби Эрон гуфт: Дар мантиқи миллӣ ва роҳбурдии Ҷумҳурии Исломии Эрон, шимол, ҷануб, шарқ ва ғарб сирфан тақсимбандиҳои идорӣ ва ҷуғрофӣ ҳастанд; он чизе, ки асолати тафкикнопазир дорад, ҳақиқати воҳиде ба номи «Эрони бузург» аст ва таарруз ба ҳар ваҷаб аз хоки ин сарзамин, таарруз ба кулли низом, ҳокимият ва якпорчагии Эрони бузург маҳсуб мешавад.
Вай гуфт: Посухи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба ин таҷовузи густохона бар пояи тарроҳиҳои ҳамаҷониба, ҳушмандона ва бо такя бар ғофилгириҳои бузург аст.