Ироқчӣ: Ҳаргӯна таҷовуз ба зерсохтҳои Эрон бо посухи қудратманд рӯбарӯ хоҳад шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125222-Ироқчӣ_Ҳаргӯна_таҷовуз_ба_зерсохтҳои_Эрон_бо_посухи_қудратманд_рӯбарӯ_хоҳад_шуд
Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар вокуниш ба лаффозии ахири раисиҷумҳури Амрико ҳушдор дод: Ҳаргӯна таҷовуз ба зерсохтҳои мо, бо посухи қудратманд рӯбарӯ хоҳад шуд.
(last modified 2026-07-23T06:12:56+00:00 )
Июл 23, 2026 11:09 Asia/Dushanbe
  • Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон
    Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон

Порс Тудей - Вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар вокуниш ба лаффозии ахири раисиҷумҳури Амрико ҳушдор дод: Ҳаргӯна таҷовуз ба зерсохтҳои мо, бо посухи қудратманд рӯбарӯ хоҳад шуд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон дар паёме дар фазои маҷозӣ дар вокуниш ба лаффозии ахири раисиҷумҳури Амрико навишт: Доктринаи дифоии мо равшан аст: чашм дар баробари чашм.

Вай афзуд: Ҳаргӯна таҷовуз алайҳи Эрон, аз ҷумла алайҳи зерсохтҳои мо, бо посухи қотеъ, қудратманд ва таъйинкунанда рӯбарӯ хоҳад шуд. Ҳар тарафе, ки дар чунин таҷовузе мушорикат дошта бошад ё аз он ҳимоят кунад, ба унвони ҳадафе машрӯъ талаққӣ хоҳад шуд.