Сарлашкар Сафавӣ : Наметавонед бо фишор иродаи Эронро заъиф кунед
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125248-Сарлашкар_Сафавӣ_Наметавонед_бо_фишор_иродаи_Эронро_заъиф_кунед
Порс тудей - Дастёру мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои ҶИЭ бо баёни инки неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баҳрагирӣ аз ибтикороти ҷадиду тағйири саҳнаи набард , муъодилоти душманонро таҳти таъсир қарор додаанд , гуфт : Қудрати тобоварии миллати Эрон афзоиш ёфта ва душманон наметавонанд бо фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ , иродаи миллати Эронро заъиф кунанд.
(last modified 2026-07-26T16:18:10+00:00 )
Июл 26, 2026 21:09 Asia/Dushanbe
  •   Сарлашкар Сафавӣ , дастёри фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои  мусаллаҳи Эрон
    Сарлашкар Сафавӣ , дастёри фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои мусаллаҳи Эрон

Порс тудей - Дастёру мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қувваҳои ҶИЭ бо баёни инки неруҳои мусаллаҳи Эрон бо баҳрагирӣ аз ибтикороти ҷадиду тағйири саҳнаи набард , муъодилоти душманонро таҳти таъсир қарор додаанд , гуфт : Қудрати тобоварии миллати Эрон афзоиш ёфта ва душманон наметавонанд бо фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ , иродаи миллати Эронро заъиф кунанд.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , сарлашкар Сайид Яҳё Сафавӣ бо ишора ба таҳаввулоти минтақа ва ҷабҳаи муқовимат изҳор дошт : Имрӯз даргирӣ миёни ҷабҳаи муқовимати миллатҳои минтақа ва ҷараёни истикбори ҷаҳонӣ , яке аз муҳимтарин таҳаввулоти ҷаҳон аст.
Дастёри фармондеҳи муаззами кулли қуво бо баёни инки муқовимати миллати Эрон ва идомаи ҳузури размандагон дар ҷабҳаҳои муқобила бо зулму истикбор , дастовардҳои бузурге ба ҳамроҳ доштааст , гуфт : Имрӯз нишонаҳои уфӯли қудрати режимҳои кӯдаккуш ва афзоиши қудрати миллати Эрон ба унвони яке аз қудратҳои муҳими минтақаи ғарби Осиё қобили мушоҳида аст.
Вай афзуд : Ҳатто таҳлилгарону марокизи мутолиъотии ғарбӣ низ ба рушди қудрати Эрон дар арсаҳои мухталиф иқрор доранд . Ҷумҳурии исломии Эрон имрӯз дар ҳавзаҳои мухталифи илмӣ , фанноварӣ , пизишкӣ ва дифоӣ ба пешрафтҳои қобили таваҷҷӯҳе даст ёфтааст.
Сарлашкар Сафавӣ бо ишора ба тавони илмии Эрон гуфт : Пешрафтҳои илмӣ ва фанноварии пизишкии Эрон , ҳосили талоши донишмандон , пизишкону ҷавонони эронӣ аст ва ин дастовардҳо нишон медиҳад, ки миллати Эрон бо вуҷуди фишорҳо ва таҳримҳо масири пешрафтро идома додааст.
Мушовири олии фармондеҳи муаззами кулли қуво таъкид кард : Қудрати тобоварии миллати Эрон дар солҳои гузашта афзоиш ёфта ва душманон дигар наметавонанд монанди гузашта бо фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ , иродаи миллати Эронро тазъиф(заъиф) кунанд.