Маҳкумияти шадиди ҳамлаҳои таҷовузкоронаи Амрикову Арабистон ба Ироқ аз сӯи Эрон
-
Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс тудей - Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамалоти таҷовузкоронаи Амрикову Арабистони саъӯдӣ ба бархе манотиқ дар Ироқ аз ҷумла алайҳи таъсисоту маконҳои мутаъаллиқ ба ниҳодҳои расмии Ироқ ва низ истгоҳҳои зоирони арбаъини ҳусайниро ба шадидтарин ваҷҳ маҳкум кард.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо ; Вазорати умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ин ҳамалотро таъаррузи ошкор алайҳи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии ин кишвар ва поймолсозии фоҳиши банди 4 модаи 2 маншури Созмони Милали Муттаҳид ва қоидаҳои бунёдини ҳуқуқи байналмилал буда ва дар ростои тамаъҳои Амрикову режими саҳюнистӣ барои густариши доманаи ҷангу даргирӣ дар минтақаи ғарби Осиё донист .
Вазорати умӯри хориҷаи Эрон зимни ибрози таслияти шаҳодати ҷамъе аз мардуми шарифи Ироқ дар ҷараёни ин ҳамалоти таҷовузкорона , бар ҳимояту ҳамбастагии комили Ҷумҳурии исломии Эрон бо давлату мардуми Ироқ таъкид мекунаду режими ҷангафрӯзи Амрико ва ҳамдастони он дар минтақаро масъӯли пайомадҳои хатарноки ин иқдомоти ҷинояткорона , зиддиинсонӣ ва таҳрикомез медонад.
Дар ҳамин ҳол раёсати Ҷумҳурии Ироқ бо судӯри баёнияе ҳамалоти анҷомшуда ба мақарҳои Ҳашд- аш-Шаъбӣ дар чандин минтақаи ин кишварро ба шиддат маҳкӯм кард ва онро поймолсозии ошкори ҳокимияти Ироқу таҷовуз ба ниҳодҳои расмии амниятӣ донист.