Пизишкиён : Душманро водор кунем ба ончӣ имзо карда пойбанд бимонад
-
Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон
Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба имзои тафоҳумнома миёни Эрон ва Амрико гуфт : Бояд бакӯшем душманро водор кунем ба ончӣ имзо карда пойбанд бимонад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон якшанбешаб 11 мурдоди 1405 дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт: Тафоҳумномае, ки имзо шуд ҳосили хиради ҷамъии аъзои Шӯрои олии амнияти миллии Эрон буд ва ҳамаи аъзо бо он ҳамдиланд.
Вай афзуд : Бовар дорам ин тафоҳумнома маркази сиқл(тасмимгири)и равобити хориҷии мо дар оянда хоҳад буд. Бояд бикӯшем душманро водор кунем ба ончӣ имзо карда, пойбанд бимонад.
Пизишкиён тасреҳ кард : Амнияти Эрон , минтақа ва ҳампаймонони мо бо ин тафоҳумнома таҳким меёбад.