Бақоӣ: Фазои музокироти Эрон ва Уммон дар бораи тангаи Ҳурмуз мусбат аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125300-Бақоӣ_Фазои_музокироти_Эрон_ва_Уммон_дар_бораи_тангаи_Ҳурмуз_мусбат_аст
Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз тадовуми музокироти Эрону Уммон бо ҳадафи сомондиҳии тараддуди эмини киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз хабар дод ва фазои ҳоким бар онро мусбат арзёбӣ кард.
(last modified 2026-08-05T07:07:02+00:00 )
Август 05, 2026 12:01 Asia/Dushanbe
  • Бақоӣ: Фазои музокироти Эрон ва Уммон дар бораи тангаи Ҳурмуз мусбат аст

Порс Тудей - Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон аз тадовуми музокироти Эрону Уммон бо ҳадафи сомондиҳии тараддуди эмини киштиронӣ дар тангаи Ҳурмуз хабар дод ва фазои ҳоким бар онро мусбат арзёбӣ кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Исмоили Бақоӣ, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон дар бораи тозатарин ҷузъиёти гуфгугуҳои Эрон ва Уммон гуфт: Ин музокирот ба унвони гуфтугу миёни ду кишвари соҳилии тангаи Ҳурмуз, бо тамаркуз бар таъйини масирҳои рафту баргашти эмин барои киштиҳо дар ҳоли пайгирӣ аст, масире, ки зимни таъмини ҳуқуқи ҳокимиятӣ, мулоҳизоти амнияти миллии Эрону Уммонро низ маддиназар қарор диҳад.

Вай бо баён инки гуфтугуҳо токунӯн дар ҳар ду сатҳи фаннӣ ва сиёсӣ мусбат арзёбӣ мешавад, гуфт: Эрон дар талош аст бо ҳамкории Уммон, созукорҳои лозим барои тартиботи ояндаи мудирияти тараддуди киштиронӣ дар ин гузаргоҳи роҳбурдиро тадвин кунад ва натоиҷи ниҳоии ин музокирот пас аз ҷамъбандӣ, иттилоърасонӣ хоҳад шуд.