Таъкиди Эрон ва Қирғизистон бар густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва маъданӣ
Порс Тудей - Вазири санъати Эрон ва вазири иқтисоди Қирғизистон дар дидорҳои дуҷониба, бар тавсеаи мубодилоти тиҷорӣ, сармоягузории муштарак, густариши ҳамкориҳои санъатӣ, маъданӣ, энержӣ, ҳамлу нақл ва манотиқи озод, бо ҳадафи иртиқои сатҳи равобити иқтисодии ду кишвар таъкид карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Саидмуҳаммади Атобак, вазири санъат, маъдан ва тиҷорати Эрон дар дидор бо Сиддиков, вазири иқтисоди Қирғизистон бо таъкид бар зарфиятҳои густардаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, бар тавсеаи муносиботи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар чорчӯби паймонҳои минтақаӣ, аз ҷумла Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Созмони Ҳамкории Шанхай таъкид карданд.
Ҳамчунин ду тараф бар тавсеаи тавлидоти муштарак бо ҳадафи содирот ба бозори кишварҳои солис, афзоиши ҳамкорӣ дар ҳавзаи содироти маҳсӯлоти донишбунён, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ, густариши ҳамкорӣ миёни манотиқи озоду тавсеаи сармоягузорӣ дар бахшҳои санъату маъдан таъкид карданд.
Дар бахши маъдану энержӣ низ бо ишора ба зарфиятҳои маъдании Қирғизистон, омодагии Ҷумҳурии Исломии Эрон барои ҳамкорӣ дар иктишоф, истихроҷ, фароварӣ ва ироаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ, навсозии саноеи маъданӣ ва интиқоли дониши фаннӣ эълом шуд.
Дар бахши ҳамлу нақл ва транзити ду тараф бар фаъолсозии масири рейлии бандар ms Аббос–Ош, барқарории парвози мустақим, коҳиши ҳазинаҳои транзит ва такмили каридорҳои минтақаӣ таъкид карданд. Ҳамчунин бар аҳамияти мушорикат дар тарҳи «Як камарбанд–Як ҷода» ва баҳрагирӣ аз зарфиятҳои транзитии Эрон барои иттисоли Қирғизистон ба бозорҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ таъкид шуд.
Тавсеаи зерсохтҳои бонкӣ, луҷистикӣ ва ҳамл нақл, баргузории кумитаи муштараки бонкӣ, истифода аз арзҳои миллӣ, эҷоди сандӯқҳои муштараки сармоягузорӣ ва баҳрагирӣ аз равишҳои навини таъмини молӣ, аз дигар мавзӯоти мавриди тавофуқи тарафайн буд.