Наврӯзӣ : Хабарнигор дар нуқтаи пайванди воқеият ва афкори умумӣ истодааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125342-Наврӯзӣ_Хабарнигор_дар_нуқтаи_пайванди_воқеият_ва_афкори_умумӣ_истодааст
Порс тудей - Муовини бурунмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати фаро расидани 17 мурдод , рӯзи Хабарнигор , зимни табрики ин рӯз ба аҳоли расонаву хабарнигорон , бар масъӯлияти амиқ , торихӣ ва тамаддунии фаъолони расонаӣ дар ривояти ҳақиқат ва таҳаввулоти ҷаҳон таъкид кард.
(last modified 2026-08-10T05:12:31+00:00 )
Август 08, 2026 10:07 Asia/Dushanbe
  •  Аҳмади Наврӯзӣ-муовини бурунмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон
     Аҳмади Наврӯзӣ-муовини бурунмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон

Порс тудей - Муовини бурунмарзии созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон дар паёме ба муносибати фаро расидани 17 мурдод , рӯзи Хабарнигор , зимни табрики ин рӯз ба аҳоли расонаву хабарнигорон , бар масъӯлияти амиқ , торихӣ ва тамаддунии фаъолони расонаӣ дар ривояти ҳақиқат ва таҳаввулоти ҷаҳон таъкид кард.

Ба гузориши Порс тудей , дар паёми Аҳмади Наврӯзӣ ба муносибати фаро расидани 17 мурдод , рӯзи Хабарнигор , омадааст : Ин рӯз дар тақвими ҳирфаии асҳоби расонаи Эрони азиз , рӯзи ёдоварии як аҳд аст ; аҳде миёни хабарнигору ҳақиқат , миёни расонаву мардум , миёни қаламу масъӯлият  ва миёни ривояту таърих.
Вай гуфт : Дар ҷаҳоне, ки марзҳои ҷуғрофиёӣ беш аз ҳар замони дигар дар баробари амвоҷи хабар, тасвир , ривояту маъно гушӯда шудааст , хабарнигор дар нуқтаи талоқи(пайванд)и воқеияту афкори умумӣ истодааст ; ба вижа дар рӯзгори мо, ки майдони расона ба яке аз муҳимтарин майдонҳои шинохт , доварӣ ва тасмими миллатҳо табдил шуда ва масъӯлияти хабарнигору фаъоли расонаӣ , масъӯлиятии амиқ , торихӣ ва тамаддунӣ аст.
Наврӯзӣ таъкид кард : Муовинати бурунмарзии расонаи миллии Эрон , ба ҳукми рисолати зотии худ  ҳамвора дар матни ин майдони бузург қарор дошта ва ривояти миллати Эрон , фарҳанги Эрони исломӣ , садои истиқлолхоҳӣ , ормони адолат , ҳақиқати муқовимат ва ранҷи инсонҳои мазлӯм бо баёни дақиқ , забони ҳунармандона , шеваи боварпазиру уфуқи ҷаҳонӣ ба мухотабони гӯногӯнро рисолати бузург бар дӯши худ медонад.
Вай афзуд : Дар ҳамин росто , хабарнигорони расонаҳои бурунмарзии Ҷумҳурии исломии Эрон низ ҳамвора кӯшидаанд дар канори ифои нақши ҳирфаии худ дар итилоърасонӣ , таҳлилу равшангарӣ , парчамдори ривояти мустақилу масъӯлона аз таҳаввулоти минтақа , меҳвари муқовимат ва ҷаҳон бошанд ; ривояте ки дар он , миллатҳо , ҳуввиятҳо , дардҳо ва ҳақиқатҳои пинҳонмонда дар ҳаёҳӯи расонаҳои мусаллат , маҷоли дида шудан ва шунида шудан биёбанд , ҳатто агар ба баҳои ҷони ширину хӯни азизашон тамом шавад ;чуноне ки нишони дурахшони хабарнигорону тасвирбардорони шаҳиди ин муовинат дар паҳнаи меҳвари муқовимат , гувоҳ ва гуёи ростини он аст.
Наврӯзӣ гуфт : Ҷабҳаи муқовимат барои расонаҳои бурунмарзии Эрон , сирфан як мавзӯи хабарӣ ё ҷуғрофиёи сиёсӣ нест ; балки арсае аз таҷрибаи инсонӣ , фарҳангӣ ва торихии миллатҳои аст, ки дар паии ҳифзи каромат , ҳуввият , истиқлол ва ҳаққи зистан дар амният ва иззатанд ва имрӯз хабарнигорон , гузоришгарон , сардабирон , таҳиякунандагон , мутарҷимон , гӯяндагон , тасвирбардорон , мустанадсозон , таҳлилгарон ва ҳамаи ҳамкорони пурталоши шабакаҳои бурунмарзии Садо ва Симо , дар хати муқаддами он истодаанд ; неруҳои муъмин , доно , халлоқ , мусаллат ба забону фарҳанги байналмилал ва бархӯрдор аз шуҷоату ахлоқи расонае дар Эрону густараи ҷаҳонӣ.
Вай афзуд : Дар ин рӯз , зимни ташаккур аз ҳамаи ин сармояҳои гаронсанг , сари таъзим фурӯд меоварем дар баробари мақоми волои шуҳадои расона ва ба вижаи шуҳадои гаронқадри созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии исломии Эрон, ки дар тӯли наздик ба панҷ даҳаи пирӯзии Инқилоби исломӣ ва ба вижа набарди ҷории тамомияти ҳақ муқобили мутлақи куфру ботил , бо дурбин , қалам , садоу тасвир , дар майдони анҷоми вазифа ҳозир шуданд ва ҷони худро дар масири огоҳибахшӣ , ривояти ҳақиқату дифо аз амнияти равонии ҷомеъа тақдим карданд . Ёди онон сармояи маънавии мо ва чароғи роҳи ҳамаи фаъолони расона аст.