Муҳсини Ризоӣ намояндаи раҳбари инқилоб дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон шуд
Порс Тудей - Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ҳукме сарлашкар Муҳсини Ризоиро ба унвони намояндаи худ дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мансӯб карданд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, ҳазрати оятуллоҳ Саидмуҷтабо Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари Инқилоби Исломӣ дар ҳукме сарлашкар Муҳсини Ризоиро ба унвони намояндаи худ дар Шӯрои олии амнияти миллӣ мансӯб карданд.
Матни ҳукми раҳбари Инқилоби Исломӣ ба ин шарҳ аст:
Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим
Бародари гиромӣ ҷаноби оқои доктор Муҳсини Ризоӣ
Бо таваҷҷуҳ ба таҷориби арзишмандатон бад-ин васила ҷаноби олиро, ки аз пешгомони давраи пурифтихори ҳашт сол дифои муқаддас ҳастед, ба унвони намояндаи худ дар Шӯрои олии амнияти миллии Эрон мансӯб мекунам. Умедворам дар анҷоми ин масъӯлияти муҳим, камоли муваффақиятро касб намоед.
Зимнан аз талоши шабонарӯзии бародари азиз, ҷаноби оқои доктор Муҳаммадбоқири Зулқадр ташаккур мешавад.
Иншоаллоҳ таҳти таваҷҷуҳоти сарвармон ҳазрати бақиятуллоҳилаъзам аҷҷалаллоҳу таъоло фараҷаҳулшариф ҳамвора сарбозе муҷоҳид барои миллати сарфарози Эрон бошед.
Саидмуҷтабо Хоманаӣ