Замингир шудани қудрати ҳавоӣ Амрико дар баробари роҳбурди Эрон
-
Замингир шудани қудрати ҳавоӣ Амрико дар баробари роҳбурди Эрон
Порс Тудей- маҷалаи муътабари стратежикии Исомл Ворез навишт: Амалиёти низомии Амрико зидди Эрон нишон дод, ки чигуна бомбаборонҳои вайронгар дар мароҳили оғозини ҷанг дар тавлиди ҳаргуна натиҷаи роҳбури ноком мемонанд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо бар асоси арзёбии маҷалаи тахасусии муътабари стратежикии Исмол Ворез ки дар ҳавзаи ҷанг фаъолият дорад, Эрон бо қудрати номуътақорен ва сохтори ғайри мутамаркиз, Амрикоро ба бунбаст кашонд.
Исмол Ворез таъкид кард: Мантиқи иҷбор зидди Эрон ба бунбаст расида аст ва таҳдид ба такрори ҳамалоте, ки Теҳрон пештар тавоноӣ бақо дар баробари онҳоро исбот кард фоқиди эътибор аст.
Ин маҷалаи байналмилалӣ инро ҳам тасреҳ кард, ки Вашенгтон бо аз даст додани аҳримҳои ташдиди таниш бартарии худро вогузор кард ва дар муқобил Эрон бар Тангаи Ҳурмуз мусалат шуда аст.