Некзод : Душман ба назми нави минтақа тан диҳад
-
Алии Некзод-нойиби раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон
Порс тудей - Нойиби раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон зимни таъкид бар инки қарор нест тангаи Ҳурмуз ба шароити қабл аз ҷанг бозгардад , гуфт : Имрӯз душмани амрикоӣ - саҳюнистӣ бо мушти маҳками неруҳои мусаллаҳи Эрон ба сурати амалӣ мутаваҷҷеҳ шудааст, ки бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд ба назми ҷадиди минтақа тан дар диҳад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Алии Некзод-нойиби раиси Маҷлиси шӯрои исломии Эрон дар нишасти имрӯз, душанбе баён кард : Ҷумҳурии исломии Эрон талош кард то дар рӯзҳои ҷанг бо гуфтуг ва тафҳими воқеиятҳои майдон , душмани мутаҷовизу мутаваҳҳим(воҳимагар)ро ба ин воқеият огоҳ кунад, ки қарор нест танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз ба шароити қабл аз ҷанг бозгардад. Мутаъасифонаи онҳо талош карданд худашонро ба надонистан бизананд , аммо гузашти замон бузургтарин муаллим барои инсонҳои мутаваҳҳим аст ва имрӯз душмани амрикоӣ-саҳюнистӣ бо мушти маҳками неруҳои мусаллаҳ ба сурати амалӣ мутаваҷҷеҳ шудааст, ки бозгушоии тангаи Ҳурмуз ҳеҷ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва бояд ба назми ҷадиди минтақа тан дар диҳад . Некзод тасреҳ кард : Ҷумҳурии исломии Эрон ҳамон гӯна ки дар музокирот бо давлати дӯсту ҳамсояамон Уммон таъкид кардааст , ҳеҷ масериро ғайр аз масири мавриди тавофуқи 2 кишвар ба расмият намешиносад ва масири таъйиншуда тавассути неруҳои мусаллаҳи муқтадири Ҷумҳурии исломии Эрон , танҳо масири мумкин барои тараддуди киштиҳо, он ҳам бо анҷоми шароити таъйиншуда тавассути давлати Ҷумҳурии исломӣ аст.