Миршаймер: Мушакҳои баллистики Эрон ҳузури низомии Амрико дар минтақаро коҳиш хоҳад дод
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125362-Миршаймер_Мушакҳои_баллистики_Эрон_ҳузури_низомии_Амрико_дар_минтақаро_коҳиш_хоҳад_дод
Порс Тудей - Ҷон Миршаймер, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал ва устоди Донишгоҳи Чикаго дар изҳороте бо ишора ба короии болои мушакҳои баллистики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамла ба пойгоҳҳо ва марокизи низомии Амрико, таъкид кард: Ҳамин мавзӯъ яке аз авомили аслии коҳиши ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи ғарби Осиё хоҳад буд.
(last modified 2026-08-11T05:35:56+00:00 )
Август 11, 2026 10:30 Asia/Dushanbe
  • Ҷон Миршаймер, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал ва устоди Донишгоҳи Чикаго
    Ҷон Миршаймер, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал ва устоди Донишгоҳи Чикаго

Порс Тудей - Ҷон Миршаймер, назарияпардози барҷастаи равобити байналмилал ва устоди Донишгоҳи Чикаго дар изҳороте бо ишора ба короии болои мушакҳои баллистики Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамла ба пойгоҳҳо ва марокизи низомии Амрико, таъкид кард: Ҳамин мавзӯъ яке аз авомили аслии коҳиши ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи ғарби Осиё хоҳад буд.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз Ирна, Миршаймер гуфт: Воқеият ин аст, ки мушакҳои баллистики Эрон дар ҳамла ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар минтақа ба шиддат муассир буда ва тақрибан ба ҳамаи онҳо ё ба шиддат осеб зада ва ё онҳоро мунҳадим кардааст.

Вай афзуд: Далелҳое вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад нерӯҳои амрикоӣ дар вокуниш ба ин ҳамлаҳо аз пойгоҳҳои худ дар минтақаи Халиҷи Форс ба Урдун, сипас ба Исроил (сарзаминҳои ишғолӣ) ва дар ниҳоят ба Аврупо мунтақил шудаанд.

Устоди Донишгоҳи Чикаго таъкид кард, ки ҳатто пас аз поёни даргириҳои ҷорӣ, Амрико ба далели таҳдиди мустамири мушакҳои баллистики Эрон ва ҳамчунин бемайлии кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ба мизбонӣ аз нерӯҳои амрикоӣ, баъид аст, ки ба минтақа бозгардад.

Миршаймер дар идома хотирнишон кард, ки на Амрико ва на кишварҳои минтақа, роҳкори муассире барои дифоъ дар баробари ин навъи мушакҳо ва паҳподҳои Эрон дар ихтиёр надоранд.