Сардор Нақдӣ: Бояд ба боздорандагӣ бирасем то душман ҷуръати ҳамла надошта бошад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125390-Сардор_Нақдӣ_Бояд_ба_боздорандагӣ_бирасем_то_душман_ҷуръати_ҳамла_надошта_бошад
Порс Тудей - Мушовири фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни инки ҷанги таҳмилии сеюм як размоиши воқеӣ барои муқобила бо Амрико буд, тасреҳ кард: Артиши Амрико заъифтар аз тасаввур аст ва Эрон бо тавлиди мустамари мӯшакҳои бумӣ, боздорандагии худро то поёни ҷанг ҳифз хоҳад кард.
(last modified 2026-08-13T14:34:46+00:00 )
Август 13, 2026 19:20 Asia/Dushanbe
  • Сардор Нақдӣ: Бояд ба боздорандагӣ бирасем то душман ҷуръати ҳамла надошта бошад

Порс Тудей - Мушовири фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бо баёни инки ҷанги таҳмилии сеюм як размоиши воқеӣ барои муқобила бо Амрико буд, тасреҳ кард: Артиши Амрико заъифтар аз тасаввур аст ва Эрон бо тавлиди мустамари мӯшакҳои бумӣ, боздорандагии худро то поёни ҷанг ҳифз хоҳад кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, сардор Муҳаммадризои Нақдӣ, мушовири олии фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар гуфтугу бо шабакаи ПБС-и Амрико бо ишора ба рӯйкарди расонаҳои ғарбӣ нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, изҳор дошт: Эрон барои гуфтугу ва мусоҳиба бо расонаҳо ҳеҷ маҳдӯдияте надорад ва ҳатто аз баёни дидгоҳҳои худ дар баробари афкори умумии Ғарб истиқбол мекунад, ин расонаҳои ғарбӣ ҳастанд, ки монеъи бозтоби комили ин дидгоҳҳо мешаванд.

Мушовири фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ дар хусӯси ҷанги ахиру тақобули Эрон ва Амрико гуфт: Пас аз ҷанги 12 рӯза ва ҷанги таҳмилии сеюм, Инқилоби исломӣ на танҳо аз байн нарафт, балки дар қулӯби мардум нуфуз кардааст. Вай афзуд, мо барои ҳифзи аркони низому ҳифзи Эрон, душманро шикаст додем ва ҳамин, ки тавонистем монеъи барандозӣ шавем, пирӯз ҳастем.

Сардор Нақдӣ таъкид кард, ҳадафи Амрико таҷзияи Эрон буд, аммо акнӯн на танҳо Эрон таҷзия нашуда, балки ақвоми эронӣ беш аз гузашта ба эронӣ будани худ ифтихор мекунанду Амрико дар тамоми аҳдофи эъломии худ дар ин ҷанг шикаст хӯрд ва Эрон пирӯз шудааст.

Сардор Нақдӣ бо баёни инки ҷанги ахир як размоиши воқеӣ буд, гуфт, дар ин панҷ моҳ ёд гирифтем чӣ гуна бояд бо Амрико ҷангид ва артиши Амрико заъифтар аз тасаввур будааст.

Сардор Нақдӣ дар бахши дигаре аз ин гуфтугу дар бораи шароити амниятии минтақа ва тараддуди шиноварҳо изҳор дошт, дар шароити ҷангӣ, Эрон ҳақ дорад шиноварҳоро кантрол кунад ва ин иқдомро ҳаққи қонӯнӣ ва мусаллами худ медонад.

Вай бо таъкид бар инки таслеҳоти дифоии Эрон 100 дарсад бӯмӣ аст, афзуд: Таслеҳот дар дохили Эрон сохта ва мутаносиб бо ниёзҳои майдони набард тавсеа дода мешаванд; миёни ҷабҳа ва  бахшҳои фаннӣ ва муҳандисӣ иртиботи мустақим вуҷӯд дораду чизе аз хориҷ вобаста нестем, ки бихоҳем мунтазири тамом шуданаш бимонем.

Мушовири фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон бо баёни инки ҷанг метавонад солҳо идома пайдо кунад, гуфт, то охирин рӯзи ин ҷанг, мӯшакҳои Эрон шиллик хоҳанд шуд ва ин имкон ба далели тавлиди мустамари дохилӣ вуҷӯд дорад.

Вай таъкид кард: Агар рӯзе Эрон ҳеҷ мушаке надошта бошад, хатарноктар хоҳад шуд ва дар он сӯрати неруе, ки иродаи ҷангу дифо аз ҳайсияти худро дорад барои Амрико бисёр таҳдидомезтар хоҳад буд. Бояд ба боздорандагӣ бирасем то душман ҷуръати ҳамла надошта бошад.

Сардор Нақдӣ дар бораи ҳузури мардум дар хиёбонҳо хотирнишон кард, рукни аслии пирӯзии Эрон ҳамин аст. Асли пирӯзӣ дар хиёбонҳое, ки мардум ҳузур пайдо кардаанд, рақам хӯрдааст. Дилгармии размандаҳои мо, шуҷоати онон, тарс ва ноумед шудани душман аз дастандозӣ ба ин мамлакат, ҳамаи инҳо, ин ҷо рақам хӯрдааст.