Дарёдор Узмоӣ : Воқеият дар майдон аст, на дар изҳороти амрикоиҳо
-
Дарёдор Алии Узамоӣ , фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорон
Порси тудӣ - Фармондеҳи неруи дарёи(баҳри)и Сипоҳи посдорони Инқилоби исломӣ гуфт : Тангаи Ҳурмуз баста аст ва воқеиятро бояд дар майдон дид , на дар иттилоъияҳову изҳороти мақомҳои Амрико .
Ба гузориши Порс туде ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , дарёдор(адмирал) Алии Узмоӣ , фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳи посдорон гуфт : Тангаи Ҳурмуз баста аст ва тасаллути Эрон бар таҳаррукот комил ва қотеъ аст.
Фармондеҳи неруи дарёии Сипоҳ таъкид кард : Ҳеҷ таҳарруке дар тангаи Ҳурмуз аз чашми размандагони неруи дарёии Сипоҳ дур намемонад.
Дар ҳамин ҳол Муҳаммади Мухбир , мушовири раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар сафҳаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт : Пойдортарин роҳи назми ҷадид дар минтақа , иҷрои созу кори Ҳурмуз аст. Вай таъкид кард : Роҳбурди қатъии раҳбарӣ дар бораи таҳоҷумӣ шудани ҷанг дар сурати таҳаққуқ наёфтани шароити Эрон , бидуни шак муъодилоти қудратро дар ҷаҳон дигаргун мекунад.
Мухбир хотирнишон кард : Бо исботи нотавонии Амрико аз муҳофизати муттаҳидонаш дар халиҷи Форс , пойдортарин роҳи назми ҷадид дар минтақа , иҷрои созу кори иқтисодӣ - амниятии Ҳурмуз , мустақил аз тазмини низомии Вашингтон аст.