Нигаронии Амрико аз пешрафти музокироти Эрон ва Умон дар бораи тангаи Ҳурмуз
-
Эрон ва Умон
Порс Тудей - The Wall Street Journal бо истинод ба мақомоти амрикоӣ навишт, ки Вашингтон нигарон аст, ки созишномаи байни Эрон ва Умон назорати Теҳронро бар тангаи Ҳурмуз мустаҳкам мекунад.
Бино ба иттилои Порс Тудей, бо истинод ба Агентии пахши Эрон, мақомоти амрикоӣ субҳи сешанбе иддао карданд, ки музокироти байни Умон ва Эрон барои афзоиши боркашонӣ дар тангаи Ҳурмуз пеш меравад.
Манбаъҳое, ки номашон зикр нашудааст, ба Wall Street Journal гуфтанд: "Музокироти Умон ва Эрон метавонад фишорро ба бозори ҷаҳонии энержӣ коҳиш диҳад."
Онҳо минбаъд шарҳ доданд: "Нигарониҳо вуҷуд доранд, ки созишномаи байни Эрон ва Умон метавонад назорати Теҳронро бар тангаи Ҳурмуз мустаҳкам кунад."
Дар ин гузориш инчунин гуфта мешавад: "Президенти Амрико Доналд Трамп созишномаеро байни Эрон ва Умон афзалтар медонад, ки тангаи Ҳурмузро пурра боз кунад, на он чизе, ки ба Теҳрон назорати бештар бар ҳаракати тиҷоратӣ медиҳад."