Ғарибободӣ : Миллати Эрон дар муқобили таҳдид маҳкамтар меистад
-
Козими Ғарибободӣ-муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон
Порс тудей - Муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон таъкид кард : Миллати Эрон имрӯз сарнавишти худро таъйин мекунад ва бо фишор ақибнишинӣ намекунад ва дар муқобили таҳмилу таҳдид , муҳкамтар меистад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Козими Ғарибобод-муовини вазири умӯри хориҷаи Эрон дар паёме ба муносибати солрӯзи кудатои 28 мурдод дар фазои маҷозӣ навишт : “ Кудатои 28 мурдоди 1332 , мудохилаи мустақими Амрикову Англия дар иродаи миллати Эрон ва ҳаққи таъйини сарнавишти он буд ; торихе ки на метавон онро сафед кард ва на ба фаромӯшӣ супурд.
Вай афзуд : Дахолати хориҷӣ дар сарнавишти як миллат бо ҳар номе , истеъмору таҷовуз ба ҳақи ҳокимияти мардум аст.
Ғарибободӣ гуфт : Наслҳо мегузаранд , аммо як ҳақиқат тағйир намекунад ; кишваре, ки ихтиёри сарнавишти худро ба бегона бисупорад , баҳои сангинӣ хоҳад пардохт.