Сарлашкар Абдуллоҳӣ : Посухи Эрон ба таҳдидҳои навини душман вайронгар аст
-
Сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ-раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон
Порс тудей - Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Ҳар гуна хатои муҳосиботӣ ва таҳдидоти маъмулӣ ва навини душманон бо посухҳои инқилобӣ , кӯбанда , пушаймонкунанда ва вайронгар мувоҷеҳ хоҳад буд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , сарлашкар Алии Абдуллоҳӣ- раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар паёме ба сардор Сайид Маҷид ибни Ризо-сарпарасти Вазорати дифои Эрон ба муносибати 31 мурдод , рӯзи саноъати дифоии Эрон навишт : Сию якуми мурдодмоҳ , рӯзи саноъати дифоӣ , таҷаллигоҳи шукуҳи қудрати бумӣ ва боздорандаи Эрони муқтадир дар баробари таҳримҳои золимона ва сафбандии истикбори кӯдаккуш аст. Ин рӯз , ёдовари муҷоҳидатҳои хастагинопазири ҷиҳодгарон , мутахассисону коркунони муъмини Вазорати дифо , ба вижаи шуҳадои воломақоме аст, ки бо иттико ба имону дониш , боздорандагии дифоии Эронро ба авҷи боландагӣ расондаанд.
Вай таъкид кард : Саноъати дифоӣ ба унвони рукни бебадил аз « қудрати миллӣ » , нақши меҳварӣ дар таҳкими амнияту иззати Эрони исломӣ дорад . Ончӣ дар солҳои ахир дар ин вазоратхона рақам хурда , фаротар аз тавлиди таҷҳизоти низомӣ , як « инқилоби саноъатии дифои боздоранда »аст ; таҳаввули роҳбурдӣ, ки тарроҳӣ , мудирияти фанноварӣ , иқтисоди дифо , занҷираи донишибунён ва улгӯи тавлиди ҳӯшманду тазмингари муваффақияти майдонро дар бар гирифта ва посухи ҳӯшмандона ба печидагиҳои ҷангҳои имрӯзу оянда маҳсуб мешавад .
Дар ин паём омадааст : Бегумон , ин боландагии шукӯҳманд баромада аз эҷоди бовару иродаи худиттикоӣ тавассути меъмори кабири Инқилоб , Имом Хумайнӣ ( раҳ ) ва ҳидоятҳои ҳакимонаи Имоми шаҳиди Инқилоб аст, ки бо тарсими уфуқҳои қудрати боздоранда ва таъкид бар худкифоии илмӣ , заминасози зуҳӯри зарфиятҳои азими дифоӣ ва таҳоҷумӣ дар ҳавзаи низомии кишвар шуданд ва имрӯз самараи он дар арсаҳои минтақаӣ ва фароминтақаӣ ва дар майдони дифои муқаддаси дувум ва сеюм баробари ҷанги таҳмилии амрикоӣ - саҳюнӣ ; ошкоро иззат офаридааст.
Сарлашкар Абдуллоҳӣ таъкид кард : Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо омодагии ҳамаҷониба дар тамоми арсаҳои заминӣ , дарёӣ , ҳавоӣ , падофандӣ , фазойӣ ва сойбирӣ , ҳарг уна хатои муҳосиботӣ ва таҳдидоти матаъорифу навини душманонро бо посухҳои инқилобӣ , кӯбанда , пушаймонкунанда ва вайронгар мувоҷеҳ хоҳанд сохт.