Дарёдор(адмирал) Эронӣ : Фарзандони Эрон иҷоза намедиҳанд , душман қадаме ба пеш бардорад
-
Амири дарёдор(адмирал) Шаҳроми Эронӣ-фармондеҳи неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон
Порс тудей-Фармондеҳи неруи дарёи(баҳри)и роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон гуфт : Неруҳои мусаллаҳи Эрон бо тамоми тавон дар баробари душман истодаанд ва иҷоза нахоҳанд дод душман қадаме ба пеш бардорад.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА, амири дарёдор Шаҳроми Эронӣ-фармондеҳи неруи дарёии роҳбурдии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи ҷумъа бо ишора ба аҳамияти роҳбурдии манотиқи ҷанӯбии Эрон баён кард : Имрӯзи тангаҳо ва оброҳҳои роҳбурдии кишвар барои Ҷумҳурии исломии Эрон аҳамияти вижа доранд ва неруи дарёӣ бо ҳузури муқтадиронаи худ дар ин манотиқ , маъмурияти дифо аз манофеи миллӣ ва амнияти кишварро дунбол мекунад.
Амири дарёдор Эронӣ афзуд : Иҷозат намедиҳем душман аз хатҳо ва марзҳои кишвар гузар кунад ва то имрӯз низ ба лутфи ҳӯшёрӣ ва омодагии неруҳои мусаллаҳи Эрон , душман натавониста ба аҳдофи худ даст пайдо кунад.
Вай гуфт : яке аз масъулиятҳои мо ин аст, ки душман натавонад ба хоки муқаддаси Ҷумҳурии исломии Эрон наздик шавад ва агар бихоҳад чунин иқдоме анҷом диҳад , бо посухи неруҳои мусаллаҳ мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Амири дарёдор Эронӣ таъкид кард : Имрӯз фарзандони миллати Эрон дар дарё истодаанд ва иҷоза нахоҳанд дод душман қадам аз қадам(қадам ба пеш) бардорад .
Вай афзуд : Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон бо тамоми тавон дар майдон ҳастанд ва ҳамон гуна, ки пеш аз ин низ эълом кардаем , агар душман бо тамоми қувват вориди майдон шавад , мо низ бо тамоми қувват истодаем .
Амири дарёдор Эронӣ дар идома бо таъкид бар нақши мардум дар иқтидори Эрон изҳор кард : Қудрату иродаи мардуми Эрони исломӣ имрӯз душманро замингир кардааст.