Пизишкиён: Дунё аз қудрати Эрон ҳайрат кардааст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125478-Пизишкиён_Дунё_аз_қудрати_Эрон_ҳайрат_кардааст
Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард, душманон арзёбӣ карда буданд, ки агар ба Эрон ҳамла кунанд, Эрон Венесуэла хоҳад шуд, ки на танҳо нашуд, балки қудрате шуд, ки дунё дар муқобили ин истодагии он, ҳайрат кард.
(last modified 2026-08-23T09:05:32+00:00 )
Август 23, 2026 13:59 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Дунё аз қудрати Эрон ҳайрат кардааст

Порс Тудей- Раисиҷумҳури Эрон тасреҳ кард, душманон арзёбӣ карда буданд, ки агар ба Эрон ҳамла кунанд, Эрон Венесуэла хоҳад шуд, ки на танҳо нашуд, балки қудрате шуд, ки дунё дар муқобили ин истодагии он, ҳайрат кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар ойини таҷдиди мисоқ бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори кабири Инқилоби исломӣ бо ишора ба муқовимати мардуми Эрон дар баробари фишорҳои мавҷӯд, гуфт,  таҳлилгарон наметавонанд ба роҳатӣ тавзеҳ диҳанд, ки чӣ гуна ин миллат бо илҳом аз роҳу ормонҳои имом ва шуҳадо, дар баробари ин фишорҳо истодагӣ кард. Раисиҷумҳури Эрон бо баёни инки кишвар даргир як ҷанги тамомайёри иқтисодӣ, низомӣ ва амниятӣ аст, гуфт, душманон ба сароҳат эълом мекунанд, ки шадидтарин ва ваҳшатноктарин таҳримҳоро алайҳи Эрон эъмол мекунанд, аммо мо истодаем ва талош мекунем дар муқобили ин ҷанги нобаробар, хидматгузори мардум бошем. 

Пизишкиён бо ишора ба тавтеаҳои душман гуфт, душманон арзёбӣ карда буданд ва тасаввур бар ин буд, ки агар ба Эрон ҳамла кунанд ва фишорҳоро зиёд кунанд, Эрон Венесуэла хоҳад шуд, ки на танҳо нашуд, балки қудрате шуд, ки дунё дар муқобили ин истодагӣ, ҳамбастагӣ ва инсиҷом ҳайрат кард.