Қолибоф: Бумранги фишори иқтисоди ба Эрон ба сурати Амрико бар мегардад
-
Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломӣ
Порс Тудей- раиси маҷлиси шурои исломии Эрон гуфт: Нақшаи фишори хиракунандаи иқтисоди зидди Эрон мисли бумранг ба сурати худи Амрико бархурд мекунад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Муҳаммадбоқири Қолибоф раиси маҷлиси шурои исломии Эрон дар ҳисоби корбарии худ дар шабакаи "X" бо ба иштирок гузошатни тасвири паёмадҳои фишори иқтисодӣ зидди Эрон ва бозорҳои энержи бар иқтисоди Амрикоро баршумурд ва бо ишора ба иқдомоти ахири Трамп барои кантроли нархи колоҳо дар Амрико ба забони англиси навишт: Воридоти гушти яхзада барои кантроли нархи гушт? Бошад шояд ҷавоб бидаҳед, аммо барои увроқи қарза чи нақшаи доред? Мехоҳед боздиҳи яхзада ворид кунед? Барои маскан харидорони яхзада ворид мекунед? Барои чора андешии дастмузҳо фишҳои ҳуқуқии яхзада содир мекунед? Як сиёсати хориҷии яхзада ва бедуни ибтикор иқтисоди яхзада ва рокуд ба бор меоварад.
Вай афзуд: Танҳо чизе ки ҳануз дар ҳаракат аст? Бумранги Эрон, ки ба сурати худатон бар мегардад.