Пизишкиён : Тақвияти ҳамгаройии кишварҳои исломӣ омили барқарории субот дар минтақа аст
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125498-Пизишкиён_Тақвияти_ҳамгаройии_кишварҳои_исломӣ_омили_барқарории_субот_дар_минтақа_аст
Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба захираҳо ва сармояҳои азими минтақа ҳушдор дод, ки душманон бо чашми тамаъ ба ин сарватҳо , ба дунболи эҷоди ихтилоф , ҷангу даргирӣ барои соҳибии онҳо ҳастанд ва танҳо роҳи муқобила , ҳифзи ҳӯшёрӣ ва иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст.
(last modified 2026-08-26T06:54:08+00:00 )
Август 26, 2026 09:17 Asia/Dushanbe
  • Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон дар дидори Фоиқ Зайдон-раиси Шӯрои олии қазоии Ҷумҳурии Ироқ
    Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон дар дидори Фоиқ Зайдон-раиси Шӯрои олии қазоии Ҷумҳурии Ироқ

Порс тудей - Раиси Ҷумҳурии Эрон бо ишора ба захираҳо ва сармояҳои азими минтақа ҳушдор дод, ки душманон бо чашми тамаъ ба ин сарватҳо , ба дунболи эҷоди ихтилоф , ҷангу даргирӣ барои соҳибии онҳо ҳастанд ва танҳо роҳи муқобила , ҳифзи ҳӯшёрӣ ва иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст.

Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА ,  Масъуди Пизишкиён-раиси Ҷумҳурии Эрон рӯзи сешанбе дар дидори Фоиқ Зайдон-раиси Шӯрои олии қазоии Ҷумҳурии Ироқ ва ҳайати ҳамроҳаш бо таъкид бар аҳамияти ҳифзи ваҳдату инсиҷом миёни кишварҳои ҳамсояву мусулмон , тасреҳ кард : Зарурат дорад миллатҳои исломӣ таъомулоти фарҳангӣ , тиҷорӣ , иҷтимоӣ , сиёсӣ ва иқтисодии худро беш аз пеш густариш диҳанд , чаро ки ин ҳамгаройӣ , омили барқарории амният , сулҳу субот дар минтақа дар баробари душманони муштарак аз ҷумлаи Амрикову режими саҳюнистӣ хоҳад буд.

Пизишкиён бо ишора ба захираҳо ва сармояҳои азими минтақа ҳушдор дод, ки душманон бо чашми тамаъ ба ин сарватҳо , ба дунболи эҷоди ихтилоф , ҷангу даргирӣ барои соҳибии онҳо ҳастанд ва танҳо роҳи муқобила , ҳифзи ҳӯшёрӣ ва иттиҳоди кишварҳои исломӣ аст.
Раиси Ҷумҳурии Эрон дар идомаи суханонаш , талош барои барқарории адолат дар кишварҳои исломиро омиле барои коҳиши мушкилоту ихтилофот ва афзоиши рӯҳияи ҳамкориҳои чандҷониба донист ва хотирнишон кард : Ҳама бояд бакушанд, то сӯитафоҳумҳо бартараф шуда ва заминаи густариши амнияти минтақаӣ фароҳам ояд.
Пизишкиён бо таъкид бар зарурати ташкили эътилофе аз кишварҳои мусулмон дар қолаби Уммати воҳида барои тақвияти суботу амният дар минтақа , афзуд : Тамоми мусулмонони сокин дар ғарби Осиё бар асоси оёти Қуръон , Уммати воҳида ҳастанд ва улгӯи рафтории онон бояд бар асоси тақвои Илоҳӣ санҷида шавад.

Вай афзуд : Умедворам бо ваҳдати миёни кишварҳои исломӣ замина барои хурӯҷи Амрико аз минтақа фароҳам шуда ва ҳокимони кишварҳои минтақа улгуи бумӣ ва пойдор аз барқарории суботро мустақар кунанд.
Фоиқ Зайдон-раиси Шӯрои олии қазоии Ҷумҳурии Ироқ низ дар ин дидор бо қадрдонӣ аз ҳамроҳиҳои шоиста ва ҳимоятҳои пайвастаи Ҷумҳурии исломии Эрон аз миллату давлати Ироқ дар давраҳои мухталифи таърихи сиёсии ин кишвар , гуфт : Ҳамроҳӣ ва ҳамдилии бебадили Эрон дар мубориза бо тероризму гурӯҳаки ДИИШ намунаи бориз аз ин ҳимоятҳои роҳбурдӣ аст.
Вай ҳамчунин зимни посдошти иқдомоти Ҷумҳурии исломӣ дар ҷилавгирӣ аз тероризм дар минтақа , изҳор дошт : Чунончи тарҳҳои муштараки мобайни мо дар ҳавзаҳои амниятӣ , иқтисодӣ , иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба гомҳои иҷроӣ табдил шаванд , дастовардҳои бузурге дар масири пешрафту муваффақияти минтақаӣ рақам хоҳад хурд.

Раиси Шӯрои олии қазоии Ироқ , густариши равобити сиёсӣ ва амниятиро омиле барои тақвияти суботу таъомулоти минтақаӣ ва нобудии режими саҳюнистӣ донист ва бар нақши меҳварии Ҷумҳурии исломии Эрон дар ин замина таъкид кард.

Зайдон бо ишора ба захираҳои фаровони минтақа тасреҳ кард : Тавсеаи равобити байналмилалӣ ва чандҷониба , тамоми кишварҳои минтақаро аз манфиъатҳои он баҳраманд хоҳад сохт ; Ироқ хостори ҳамкориҳои иқтисодии вижа бо меҳварияти Ҷумҳурии исломии Эрон аст ва омодагии худро барои таҳкими ин ҳамкориҳо эълом медорад .