Эрону Уммон барои эҷоди коридори муваққати дарёнавардӣ дар тангаи Ҳурмуз тавофуқ карданд
-
Дидори Ироқчӣ ва ал-Бусаъидӣ , вазирони хориҷаи Эрону Уммон
Порс тудей - Ҷумҳурии исломии Эрон ва салтанати Уммон дар баёнияи муштарак аз ройзанӣ(машварат) дар бораи эҷоди як коридори дарёнавардии муваққати муштарак дар танга(гулугоҳ)и Ҳурмуз ва иҷрои пружаи муштарак барои поксозии ин танга аз минаҳо хабар доданд.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр , Сайид Бадр ал-Бусаъидӣ-вазири умӯри хориҷаи Уммон дар ҷараёни сафари корӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон бо Сайидаббоси Ироқчӣ- вазири умӯри хориҷаи Эрон дидор ва дар бораи масоили муртабит бо тангаи Ҳурмуз ройзанӣ кард . Ройзаниҳои ду тараф бар аҳамияти азсаргирии дарёнавардии эмин дар тангаи Ҳурмуз бо ҳифзи ҳокимияту ҳуқуқи ҳокимиятии ду кишвар мутамарказ будааст.
Дар ин музокирот бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунии тангаи Ҳурмуз, ки дар паи ҷанги таҳмилии ахири Амрико алайҳи Эрон ва пайомадҳои он эҷод шуда , ду тараф як чорчӯби марҳалабандишударо баррасӣ карданд, ки метавонад чаҳочуби амалӣ барои пешбурди умӯр ва бозгашти эминӣ ба масирҳои киштиронӣ дар ин оброҳи роҳбурдӣ бошад.
Бар асоси чорчуби мавриди баҳс эҷоди як коридори дарёнавардии муваққати муштарак аз тариқи тангаи Ҳурмуз ва ҳамчунин тавофуқ барои иҷрои як пружаи муштарак ба манзури поксозии танга аз минаҳо дар дастури кор қарор гирифтааст.
Ҳамчунин муқарар шуда музокироти фаннӣ миёни Эрону Уммон барои дастёбӣ ба тавофуқ дар бораи як коридори доимии дарёнавардӣ ва наҳваи идораи ояндаи тангаи Ҳурмуз идома пайдо кунад .
Дар ин чорчуб эҷоди созукоре барои табодули иттилоот , мудирияти тараддуди дарёӣ(баҳрӣ) ва ироаи хадамоти муртабит бо дарёнавардӣ ва амният низ мавриди тавваҷуҳи ду тарафи қарор гирифтааст .
Эрону Уммон дар бахши дигаре аз ин баёния бар аҳамияти баргузории гуфтугуҳои муштарак бо кишварҳои минтақа ва кишварҳои соҳилии халиҷи Форс таъкид карданд. Ду тараф ҳамчунин бар зарурати риояти ҳуқуқи байналмилалии қобили иҷро ва эҳтиром ба ҳуқуқи ҳокимиятии кишварҳои соҳилӣ таъкид карданд .
Ал-Бусаъидӣ : Музокира бо Ироқчӣ созанда буд
Дар ҳамин ҳол ал-Бусаъидӣ , вазири хориҷаи Уммон сешанбешаб дар шабакаи иҷтимоии Х навишт : Гуфтгуи созандае бо Сайидаббоси Ироқчӣ-ҳамтои эронии худ доштам . Умедворам ба зӯдӣ эҷоди масири муваққат дар тангаи Ҳурмуз ва тадбири амалӣ барои азсаргирии киштиронии амнро эълом кунем.
Ал-Бусаъидӣ афзуд : Мавзӯи мудирияти тангаи Ҳурмуз дар оянда ҳал ва дастёбӣ ба роҳи ҳали доим дар замони муносиб бар асоси модаи панҷи тафоҳумномаи Исломобод анҷом хоҳад шуд.
Ироқчӣ : Таъаҳҳуди Эрон ба сулҳу субот ҳамроҳ бо дипломосии устувор дунбол мешавад
Аз сӯи дигар Саидаббоси Ироқчӣ , вазири хориҷаи Эрон сешанбешаб бо интишори матлабе дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ навишт : Таъаҳҳуди Эрон ба сулҳу субот , ҳамроҳ бо дипломосии устувору мустамар бо ҳамсоягонамон дунбол мешавад .
Вай афзуд : Чорчӯби пешниҳодӣ барои эҷоди як коридори нав , минарӯбии муштарак ва мудирияти ояндаи тангаи Ҳурмуз , намунаи равшан аз ин рӯйкард аст.