Январ 26, 2017 16:46 Asia/Dushanbe
  • Баҳбардорӣ аз радионамо дар Садо ва симои Хуросони Разавӣ

Ҳамзамон бо интихоби Машҳад ба унвони пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом радионамои Хуросони Разавӣ зуҳри имрӯз бо ҳузури мақомоти ин кишвар ба фаъолият шурӯъ кард.

Радионамо шевае аз пахши радиоӣ  аст, дар баробари садо тасвирҳои муртабит аз шабакаҳои симо низ намоиш дода мешаванд. Барои роҳандозии ин шеваи пахш 300 ҳазор доллар сарф шудааст.

Дар маросими роҳандозии ин шева ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Мӯсавии Муқаддам, муовини мудири Садо ва симои Эрон гуфт, яке аз иқдомоти ин созмон фароҳам кардани шароити баҳрамандии кишварҳои ҳамсоя аз радионамо барои интиқоли иттилооту ахбор ва барномаҳои тавлидӣ аст. Ҳуҷҷат-ул-Ислом ва ал-муслимин Мӯсавии Муқаддам афзуд, ба зудӣ пахши иттилоот дар радиоҳои бурунмарзӣ, Радиои тоҷикӣ (“Садои Хуросон”), Радиои узбакӣ ва Радиои дарӣ низ  ба ҳамин шева сурат мегирад.

Устондори Хуросони Разавӣ низ дар ин маросим бо қадрдонӣ аз талошҳои Созмони садо ва симо афзуд, Садо ва симои Хуросони Разавӣ то кунун расонаи пойтахти маънавии Эрон буд ва шурӯъ аз имрӯз расонаи пойтахти фарҳангии ҷаҳони Ислом буда, тавлидоти мавриди ниёзи ҷаҳони Исломро тавлиду пахш мекунад.