Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон: Таҷовуз аз ҳеҷ мабдаъи таҳаммул намешавад
-
Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон: Таҷовуз аз ҳеҷ мабдаъи таҳаммул намешавад
Порс Тудей - Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Қароргоҳои марказии ҳазрати Хотамул-Анбиё (с ) ба раҳбарони Амрикои ҷинояткор таъкид карданд: Шумо борҳо иродаи қавии нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми шуҷоъ ва истодагари Эронро санҷидаед,бори дигар онро таҷруба накунед.
Ба гузориши Порс Тудей, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Ситоди марказии Хотамул-Анбиё (с) дар изҳороте эълон карданд: Бо вуҷуди эълони расмии баъзе кишварҳои минтақа, ки ҳаргиз ба артиши таҷовузгари Амрико иҷозат нахоҳанд дод, ки замин, осмон ва соҳили худро бар зидди Эрони исломӣ истифода барад, сарфи назар аз ҳушдорҳои қаблӣ, артиши террористии Амрико ҳанӯз ҳам аз замин, осмон ва фазои ҳавоии ин кишварҳоро бар зидди Эрон ва баъзе аз иншооти низомии Эрон истифода мебарад ва ҳамлаҳо анҷом медиҳад.
Ҳамон тавре ки то кунун дар майдон нишон дода шудааст, бо эҳтиром ба соҳибихтиёрии миллии ҳамсоягонаш, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ гоҳ таҷовузро таҳаммул нахоҳад кард ва посухи хеле сахттар хоҳад дод ва мо инро шаби якшанбе бо ҷанговарони шуҷои Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва Артиши Ҷумҳурии Исломӣ исбот кардем.
Мо бори дигар таъкид мекунем, ки артиши таҷовузгари Амрико чорае ҷуз тарк кардани минтақа надорад ва мусоидаткунандагони таҷовузи Амрико бар зидди Эрони исломӣ низ бояд бидонанд, ки нерӯҳои мусаллаҳи пурқудрати Эрон, аз ҷумла Сипоҳи Посдорони Инқилоб ва артиш, паҳлӯ ба паҳлӯ барои несту нобуд кардан ва мабдаи ҳар гуна таҷовузро кубанда мавриди ҳадаф қарор хоҳад дод.
Мо инчунин ба раҳбарони ҷинояткори Амрико ҳушдор медиҳем: Шумо борҳо иродаи қавии нерӯҳои мусаллаҳ ва мардуми шуҷоъ ва истодагари Эронро санҷидаед, дигар онро аз сар нагузаронед.