Амир сарлашкар Ҳотамӣ: Таҷрубаи ҷанг аҳамияти роҳбурдии падофанди ҳавоиро ошкор сохт
-
Амир сарлашкар Ҳотамӣ: Таҷрубаи ҷанг аҳамияти роҳбурдии падофанди ҳавоиро ошкор сохт
Порс Тудей - Фармондеҳи кулли Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон дифоъи ҳавоиро рамзи қудрати дифоъӣ ва худбоварӣ дар ҳифзи осмони Эрон эълон карда, гуфт: Таҷрибаи ҷангҳои таҳмилии ахир бори дигар аҳамияти ҳаётӣ ва стратегии дифоъи ҳавоиро дар таъмини амният ва ҳифзи осмони Эрон нишон дод.
Ба гузориши Порс Тудей, ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, Амири сарлашкар Ҳотамӣ, фармондеҳи Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар паёме ба муносибати Рӯзи дифоъи ҳавоӣ ба Амири сартип Алиризо Элҳамӣ, фармондеҳи Ситоди муштараки дифоъи ҳавоии Хотам-ул-Анбиё (с) ва Нерӯҳои дифоъи ҳавоии Артиши Эрон, қайд кард: Дар тӯли ҳашт соли Дифоъи муқаддас, дифоъи ҳавоии Эрон бо ҳузури муассир ва фпдокоронаи худ дар сафи пеши дифоъи Эрон, баргҳои дурахшони муқовимат ва фадокорӣ ба бор овардааст ва дар солҳои баъдӣ, бо такя ба дониш ва қобилияти мутахассисони ҷавон, роҳи худкифоӣ, маҳаллисозӣ ва такмили системаҳои дифоъиро босуръат тай кардааст.
Дар идомаи паём омадааст: «Имрӯз баҳрагирӣ аз таҷҳизот ва системаҳои бумӣ ва пешрафта, дар баробари дониш, имон ва омодагии шабонарӯзии кормандони дифоъ, рамзи қудрати дифоъӣ ва худбоварии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳифзи осмони ватан аст».