Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Раҳгирии аҳдоф дар дуртарин нуқоти мумкин, роҳбурди падофанди ҳавоӣ аст
-
Сарлашкар Абдуллоҳӣ: Раҳгирии аҳдоф дар дуртарин нуқоти мумкин, роҳбурди падофанди ҳавоӣ аст
Порс Тудей - Раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва Фармондеҳи Ситоди марказии Хотам-ул-Анбиё (с)-и Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Такя ба қудрати дохилӣ ва ҷавонони нухба шарти зарурӣ барои посухи саривақтӣ, инқилобӣ ва муассир ба ҳар гуна сатҳ ва навъи таҳдидҳои мутаъориф ва навини низомӣ алайҳи Эрон аст.
Ба гузориши Порс Тудей бо нақл аз Ирно,Сарлашкар Абдуллоҳӣ дар паёме ба муносибати 10-уми шаҳривар, Рӯзи дифоъи ҳавоии Эрон, изҳор дошт: 10-уми шаҳривар ёдоварии офарандагони бузургест, ки бо нигоҳи осмонии баланд ва талоши бузурги худ марзҳои бузурги ҳавоии Эронро ба қалъаи амният ва шаъну шараф табдил доданд. Ин рӯзи бузург, ки бо номи "Дифоъи ҳавоӣ" оро дода шудааст, нишонаи ғайрат, дониш ва истодагарии мардони шуҷоъ аст, ки зери сояи эътимод ба Худои Мутаол ватаҳти мақоми вилояти фақиҳ ва фармондеҳи кулли қуво посдори ҳарими Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд.
Сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Эрон таъкид кард: Шакке нест, ки такя ба имкониятҳои дохилӣ ва ҷавонони нухба барои тақвияти қобилиятҳои ҷанги электронӣ ва кибернетикии Эрон барои идомаи боздории фаъолона бар зидди таҳдидҳои рӯзафзуни душманон, инчунин беҳтар кардани омодагии ҷангӣ ва омӯзиши захираҳои инсонӣ дар сатҳи Инқилоби Исломӣ бо банақшагирии дақиқ ва омӯзиши фармондеҳон ва ҳамгироӣ бо дигар нерӯҳои мусаллаҳ бо стратегияи бузурги Ситоди генералии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, ки бар асоси вокуниши саривақтӣ, инқилобӣ ва муассир ба ҳар сатҳ ва навъи таҳдидҳои низомии анъанавӣ ва нави маърифатӣ ва муштарак алайҳи низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамоҳангӣ ва ҳамгироӣ бо пойгоҳи дифоъи ҳавоии Хотам-ул-Анбиё (с) асос ёфтааст, мувофиқ аст.
Дарёдор Сайёрӣ: Дифоъи ҳавоӣ сипари ҳушёри амнияти миллии Эрон аст
Амир Дарёдор Ҳабибуллоҳ Сайёрӣ, сардори ситоди нерӯҳои мусаллаҳ ва муовини ҳамоҳангсози Артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, низ дар паёме ба Фармондеҳи пойгоҳи муштараки дифоъи ҳавоии Эрон ба муносибати Рӯзи дифоъи ҳавоӣ, нақши муҳими ин нерӯро ҳамчун сипари ҳушёри амнияти миллӣ таъкид кард.
Амир Дарёдор Сайёрӣ таъкид кард: "Бешубҳа, дифоъи ҳавоӣ яке аз сутунҳои қудрати дифоии Эрон ва сипари ҳушёри амнияти миллӣ аст; нерӯе, ки марказҳои ҳассос ва ҳаётии кишварро бо ҳузури шабонарӯзӣ ва назорати пайвастаи фазои ҳавоӣ муҳофизат мекунад ва ҳушёрӣ ва омодагиро дар ҷараёни иҷрои ин рисолати муқаддас як лаҳза ҳам фаромӯш намекунад."