Пизишкиён: Ройзаниҳои муфид ва муассире дар ростои ҳамкориҳои минтақаӣ доштем
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125550-Пизишкиён_Ройзаниҳои_муфид_ва_муассире_дар_ростои_ҳамкориҳои_минтақаӣ_доштем
Порс Тудей - Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар ташреҳи натоиҷ ва дастовардҳои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, дидорҳои анҷом шуда ва ройзаниҳои анҷомшударо дар ростои ҳамкориҳои минтақаиро муфиду муассир тавсиф кард.
(last modified 2026-09-02T08:45:25+00:00 )
Сентябр 02, 2026 13:42 Asia/Dushanbe
  • Пизишкиён: Ройзаниҳои муфид ва муассире дар ростои ҳамкориҳои минтақаӣ доштем

Порс Тудей - Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар ташреҳи натоиҷ ва дастовардҳои ҳузур дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай, дидорҳои анҷом шуда ва ройзаниҳои анҷомшударо дар ростои ҳамкориҳои минтақаиро муфиду муассир тавсиф кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Меҳр, Масъуди Пизишкиён асри сешанбе дар поёни ҳузур дар бисту шашумин иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай дар Қирғизистон, бо ишора ба дидорҳо ва барномаҳои анҷом шуда изҳор дошт: Дар муддати ҳузур дар ин иҷлос, нишастҳо ва мулоқотҳои бисёр хубе доштем ва дар иҷлоси сарони Созмони Ҳамкории Шанхай ва Шанхай+, мавозеъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи таҳаввулот ва мушкилоти эҷодшуда дар минтақа ва ҳамчунин масъӯлиятҳои Созмони Ҳамкории Шанхай ва кишварҳои узвро ташреҳ кардем.

Раисиҷумҳури Эрон афзуд: Дар баёнияи поёнии иҷлос, ҳамаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай бидуни истисно, таҷовуз ба Эронро ғайриқобили қабул донистанд ва зимни маҳкӯм кардани мутаҷовиз, бар зарурати эҳтиром ба тамомияти арзии кишварҳо таъкид карданд.

Пизишкиён бо ишора ба дидорҳои дуҷониба дар ҳошияи ин иҷлос тасреҳ кард: Дар ҷараёни ин сафар бо чандин нафар аз руасои ҷумҳур ва сарони кишварҳо ба таври мустақим гуфтугу кардем. Гуфтугуҳои анҷом шуда бисёр созанда буд. Вай афзуд, масоили марбӯт ба густариши равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ аз дигар меҳварҳои ин дидорҳо буд.

Пизишкиён хотирнишон кард: Ҳамаи тарафҳо қавл доданд барои рафъи мушкилоти мавҷӯд ба Эрон кумак кунанд ва Ҷумҳурии Исломии Эрон низ ба ин кишварҳо кумак кунад то бо ҳамкории якдигар битавонем сулҳу амниятро дар минтақа барқарор кунем.