Инфиҷори маҳиби як абарнафткаш дар тангаи Ҳурмуз
Порс Тудей - Неруи дарёии Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ бомдоди шанбе дар иттилоияе аз инфиҷори маҳиби як абарнафткаш баъд аз бархӯрд бо минаи дарёӣ дар тангаи Ҳурмуз хабар дод.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, матни иттилоияи неруи дарёии Сипоҳи посдорон ба шарҳи зер аст:
Як фарванд супер нафткаши мутахаллиф бо беш аз 2 миллион бушка нафти хом, ки қасди убӯр аз масири ғайри муҷози тангаи Ҳурмузро дошт бо бархӯрди мина, дучори ҳодисаи мунҷар ба инфиҷору оташсӯзии шадид шуд.
Ин нафткаш бо хомӯш намудани тамомии сомонаҳои мавқеъиятёб ва радарӣ, талош намуд бо фиребу ҳимояти артиши қочоқчӣ ва террористи Амрико аз тангаи Ҳурмуз убӯр кунад.
Неруи дарёии Сипоҳи посдорон эълом мекунад: Тангаи Ҳурмуз баста аст ва оқибати сарпечии киштиҳои мутахаллиф аз муқаррароти эронии тангаи Ҳурмуз, сухтан дар оташи эътимод ба артиши террористи Амрико аст.