Январ 27, 2017 19:25 Asia/Dushanbe
  • Ёфтани пайкари ҳамаи оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи “Пласко”

Бо ёфтани пайкари як оташнишони дигар, пайкари ҳамаи оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи фурӯ рехтани сохтмони “Пласко” дар Теҳрон аз зери вайрона берун омад.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи “Пласко” 16 тан буданд, ки панҷшанбешаб понздаҳумин ҷасад аз зери овор ё хароба берун оварда шуд ва як нафар низ дар бемористон ҷон супурд.

Дишаб ҳамчунин бақияи пайкари яке аз шаҳрвандон аз зери вайрона хориҷ шуд, ки ба ин тартиб теъдоди шаҳрвандон оддии ҷонбохта дар ҳодисаи “Пласко” то кунун ба панҷ нафар расидааст.

Ба гуфтаи мудири кулли пизишкии қонуни (ташхиси судӣ-тиббӣ)-и устони Теҳрон то кунун пайкари се ғайриоташнишон ва шаш оташнишон шиносоӣ шуда ва талош барои шиносоии дигар пайкарҳо бо озмоиши Ди Эн Эй (ДНК) идома дорад.

Панҷшанбе, 19-уми январ яке аз баландмартабатарин сохтмони қадимӣ дар маркази Теҳрон, маъруф ба сохтмони “Пласко” бар асари оташсузӣ фурӯ рехт ва шуморе аз оташнишонон ва мардуми оддӣ осеб диданд ва теъдоде зери вайрона монданд ва ҷон бохтанд.