Январ 29, 2017 16:56 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши вазири улуми Эрон ба иқдоми раиси ҷумҳурии Амрико

Вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон гуфт, мамониат аз вуруди эрониён ба Амрико, кӯчактарин асаре дар раванди тавсеаи илмии Эрон надорад.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи ИРНА, Муҳаммади Фарҳодӣ, вазири улум, таҳқиқот ва фанноварии Эрон иқдомоти ахири Амрико дар мамониат аз вуруди эрониён ба он кишварро дар ҳавзаи илму фанноварӣ беасар эълом карду афзуд, Амрикову Англия ҷузви кишварҳои роҳбурдӣ дар ҳавзаҳои илму фанноварии Эрон нестанду аз ин рӯй кӯчактарин нақше дар фароянди тавсеаи илмии кишвар ифо намекунанд.

Муҳаммади Фарҳодӣ баён кард, илму фанноварии Ҷумҳурии исломии Эрон як фароянди дарун асту раванди фаъолиятҳои он ба кишвари хосе барнамегардад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ҷумъашаб фармони эъмоли маҳдудиятҳои густарда барои вуруди паноҳҷуёну муҳоҷирон аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон, Ироқ, Судон, Сумали, Либия, Сурия ва Яман ба хоки Амрикоро имзо кард.

Иқдоми Трамп вокунишу эътирози ҷаҳониро дар пай дошту бисёре аз кишварҳои ҷаҳон тасмими раиси ҷумҳурии Амрикоро табъизомез донистанд.

 

Барчасп