Январ 30, 2017 10:03 Asia/Dushanbe
  • Таҷлили раҳбари муаззами инқилоби исломӣ аз фидокории оташнишонони ҳодисаи Пласко

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме бо таҷлил аз фидокории оташнишонони муъмин ва шуҷоъ дар ҳодисаи сохтмони Пласко дар Теҳрон таъкид карданд, ҳамаи миллати Эрон ба ин азму шаҳомати бархеста аз имон биболанд.

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломӣ рӯзи якшанбе дар паёме бо бузургдошти фидокории бошукӯҳ ва мазлумонаи оташнишонони муъмин ва бо ихлос дар ҳодисаи Пласко дар Теҳрон хотирнишон карданд: Ин ҷавонмардон барои наҷоти ҷону моли ҳаммеҳанони худ, бо шаҳомате шигифтангез ба даруни оташу овор рафтанд ва ҷони худро дар хатар ниҳоданд ва худро фидо карданд .

Дар паёми раҳбари муаззами инқилоби исломӣ омадааст, ин шаҳидон, як бори дигар хотироти фидокориҳои даврони дифои муқаддасро зинда карданд ва нишон доданд, ки эронии муъмин бо азме росих ва шуҷоате мисолзаданӣ дар роҳи Худо матои ҷонро бе чанду чаро арза мекунад .

Ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ тасреҳ карданд, акнун бояд ёди фидокории бошукӯҳ ва мазлумонаи оташнишонони муъмин ва шуҷои миллати Эрон сабт ва бузург дошта шавад ва мардонеро, ки ҳаққан бояд қаҳрамонони камиддао ва боихлос номида шаванд, ҳамагон бишносанд ва дарси ононро дар хотир нигаҳ доранд .

Сохтмони тиҷории Пласко дар маркази Теҳрон субҳи рӯзи 19 январи 2017 дучори ҳариқ шуду фуру рехт. Дар ин ҳодиса 16 оташнишон ва чаҳор шаҳрванди эронӣ дар зери оворҳо ҷон бохтанд .

Маросими ташйии шуҳадои оташнишон рӯзи душанбе 30 январ дар маҳалли Мусаллои Теҳрон баргузор мешавад.