Январ 30, 2017 12:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳамроҳии пайкари оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи сохтмони Пласко

Маросими ҳамроҳии пайкари оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи резиши сохтмони Пласко, бо ҳузури пуршӯри мардум дар Теҳрон баргузор шуд.

Мусаллои имом Хумайни (р)-и Теҳрон аз соатҳои нахустини бомдоди имрӯз шоҳиди ҳузури пуршӯри мардуми Эрон дар маросими видоъ бо оташнишонони ҷонбохта дар ҳодисаи сохтмони Пласко ва ҳамроҳии пайкари онон буд .

Дар ин маросим, ки бо ҳузури мақомҳои баландпояи лашкарӣ ва кишварӣ аз ҷумла муовини аввали раисҷумҳури Эрон ва раиси дафтари раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баргузор шуд, Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ, имом ҷумъаи Теҳрон бар пайкари оташнишонони ҷонбохта намоз хонданд ва сипас пайкарҳои 16 оташнишони шаҳид дар Мусаллои Теҳрон ва хиёбонҳои атроф, ки лабрез аз ҷамъият буд, ташйиъ шуд .

Сохтмони тиҷории Пласко дар маркази Теҳрон субҳи рӯзи 19 январ дучори оташсӯзӣ шуд ва сипас фуру рехт .

Дар ин ҳодиса илова бар 16 оташнишон шуморе аз шаҳрвандон низ зери овор ҷон бохтанд, ки токунун кушта шудани панҷ нафар тайид шудааст .

 

Барчасп