Оғози ҷашнҳои даҳаи Фаҷр дар Эрон
(last modified Tue, 31 Jan 2017 07:06:53 GMT )
Январ 31, 2017 12:06 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҷашнҳои даҳаи Фаҷр дар Эрон

Имрӯз, сешанбе, 31-уми январ, баробар бо 12-уми баҳманмоҳ - солрӯзи вуруди таърихии ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон дар соли 1979 аст.

Ҳазрати Имом Хумайнӣ раҳматуллоҳи алайҳ 38 соли пеш дар чунин рӯзе, пас аз 15 соли мубориза алайҳи режими ситамгари паҳлавӣ ва табъид дар Ироқ ва Фаронса, дар миёни шӯру сурур ва истиқболи густурдаи мардуми Эрон ба ватан бозгашт.

10 рӯз пас аз вуруди Имом Хумайнӣ ба Теҳрон, муборизоти 15 солаи мардуми Эрон алайҳи режими паҳлавӣ дар 22-юми баҳмани соли 1357, баробар бо даҳуми феврали 1979 ба пирӯзӣ расид ва заминаро барои истиқрори низоми ҷумҳурии исломӣ дар Эрон фароҳам кард.

Ин 10 рӯз дар Эрон даҳаи Фаҷр номгузорӣ шудааст.

Маросими ҷашни даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ субҳи имрӯз, соати 9:33 ба вақти Теҳрон, ҳамзамон бо лаҳзаи таърихии вуруди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ), бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон бо навохтани занги инқилоб дар ҳарами эшон ва мадориси саросари Эрон оғоз шуд.

Ба ҳамин муносибат имрӯз маросими вижае бо ҳузури мототсиклсаворон аз фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон то Биҳишти Заҳро (с)-и ин шаҳр баргузор ва ин масир бо болгардҳо гулборон хоҳад шуд.

Ноқуси калисоҳо ва занги мадорис, бӯқи киштиҳо ва ҳуштаки қаторҳо ҳам дар Эрон ба нишонаи эҳтиром ба ин рӯзи таърихӣ ба садо даромад.

Дар ҳамин ҳол, маросими расмии оғози ҷашнҳои даҳаи Фаҷри инқилоби исломӣ ҳамзамон бо лаҳзаи таърихии вуруди ҳазрати Имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон, субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҳузури қишрҳои мардум ва масъулон дар ҳарами мутаҳҳари бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон ва фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон ва ҳамчунин дар саросари Эрони исломӣ баргузор мешавад.

Беш аз 500 хабарнигор, тасвирбардор ва аккос ин маросимро пӯшиш хоҳанд дод.