Зариф: Озмоишҳои мушакии Эрон рабте ба БАРҶОМ надорад
(last modified Tue, 31 Jan 2017 11:51:24 GMT )
Январ 31, 2017 16:51 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Озмоишҳои мушакии Эрон рабте ба БАРҶОМ надорад

Вазири умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон дар бораи табдил шудани мавзуи барномаи мушакии машруи Эрон ба баҳонае барои бозиҳои сиёсии Амрико ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммадҷаводи Зариф, рӯзи сешанбе дар нишасти хабарии муштарак ба ҳамроҳи Жан Марк Айро, ҳамтои фаронсавии худ дар Теҳрон, бар машруияти барномаи дифоӣ ва мушакии Эрон таъкид карду гуфт: Ҳамонтавр, ки ҳамаи тарафҳои барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) эълом карданд, мавзуи мушакии Эрон, ҷузъе аз БАРҶОМ нест .

Вазири умури хориҷаи Эрон афзуд: Дар қатъномаи 2231 Шӯрои амният ба мушакҳои баллистикӣ ишора шудааст, ки қобилияти ҳамли силоҳҳои ҳастаиро дошта бошанд, аммо ҳамон мавқеъ Эрон эълом кард, ки ҳеч як аз мушакҳои Эрон барои ин қобилият тарроҳӣ нашудаанд ва сирфан мушакҳое мутаориф дар ҳавзаи дифои машруъ ҳастанд .

Зариф, мавзуи барномаҳои дифоии Эронро хориҷ аз қатъномаи 2231 Шӯрои амният донисту гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон дифоъ аз худро ба иҷозаи дигарон мавкул намекунад .

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Мутаасифона бархе тарафҳои БАРҶОМ ба вижа Амрико ба ҳамон мизон, ки Эрон ба БАРҶОМ пойбанд будааст, мутааҳҳид набудаанд .

Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид қарор аст, ба дархости Амрико ва режими саҳюнистӣ дар бораи озмоиши мушакии Эрон нишасти фавқулода баргузор кунад .