Озмоишҳои мушакии Эрон, хориҷ аз салоҳияти дигарон
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон гуфт: Озмоишҳои мушакӣ ҳақи мусаллами Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дифоъ аз амният ва манофеи миллии худ буда ва эъломи назар дар бораи он хориҷ аз салоҳияти ҳар кишвар ё ниҳоди байналмилалӣ аст.
Баҳроми Қосимӣ сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон асри сешанбе таъкид кард: Барномаҳои мушакии Эрон, фақат моҳияти дифоӣ доштааст ва ҳеҷ як аз мушакҳои баллистикии Эрон барои ҳамли силоҳи ҳастаӣ тарроҳӣ нашудааст, бинобар ин, дар ҳавзаи салоҳияти қатъномаи 2231 Шӯрои амнияти Созмони милал қарор намегирад.
Қосимӣ бо таъкид бар ин, ки Эрон барои дифоъ аз худ аз ҳеҷ кас иҷоза намегирад, афзуд: Эрон ҳеҷ гоҳ маҳдудиятҳои қатъномаи 2231 Шӯрои амниятро напазируфтааст, бо ин ҳол озмоишҳои мушакҳои баллистикии Эрон ҳатто бо мундариҷаи ин қатънома носозгор нест ва изҳори назари баъзе кишварҳо, ки бо аҳдоф ва ғаразҳои сиёсӣ анҷом мегирад, маҳкум аст.
Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Таваҷҷуҳ ба таърихи муосири Эрон, ҳокӣ аз ин амр аст, ки Эрон ҳаргиз кишвари дигареро ҳадафи ҳамла қарор надода, балки баръакс мавриди таҳоҷуми соири кишварҳо қарор гирифтааст.
Қосимӣ гуфт: Баъзеҳо дар Амрико бо аҳдофи сиёсӣ ва ҷанҷоли таблиғотӣ дар пайи баҳонаҳое ҳастанд то аз фишори байналмилалии ношӣ аз тасмими насанҷидаи мамониат аз вуруди афроди дорои раводиди қонунӣ ба ин кишвар бикоҳанд ва ё аз бори масъулияти Амрико дар анҷоми комили тааҳҳудҳояш дар тавофуқи ҳастаӣ шона холӣ кунанд, аммо қатъномаи 2231 Шӯрои амният, иҷозаи чунин баҳонатароширо ба ҳеҷ кас намедиҳад.
Шӯрои амнияти Созмони Милал қарор аст ба дархости Амрико дар бораи озмоиши мушакии Эрон нишасти фавқулодда баргузор кунад.