Феврал 01, 2017 17:18 Asia/Dushanbe
  • Дастбанди амрикоӣ бар дастҳои кӯдаки 5 солаи эронӣ дар фурӯдгоҳ

Полиси Амрико ба як кӯдаки панҷсолаи эронӣ-амрикоӣ дар фурӯдгоҳ дастбанд заданд.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, расонаҳои амрикоӣ гузориш доданд, ки полиси Амрико рӯзи сешанбеи як кӯдаки панҷсолаи дутобеиятии эронӣ-амрикоиро ба ҳамроҳи хонаводааш чандин соат дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Вашингтон Даллес дар Иёлоти Вирҷиния дар шарқи Амрико боздошт карданд .

Ба навиштаи ин расонаҳо, полиси Иёлоти Вирҷиния дастҳои ин кӯдаки эрониро, ки дорои шиносномаи амрикоӣ низ буд, баст ва вайро чанд соат дар фурӯдгоҳ боздошт кард .

Ба навиштаи ин расонаҳо, ин кӯдак, ки мутаваллиди Иёлоти Мэриленди Амрикост, модаре эронӣ дорад .

Шон Спайсер, сухангуи Кохи Сафед дар конфронси матбуотии худ барои тавҷеҳи ин иқдоми полис гуфт: Инки тасаввур шавад, фарде ба иллати син ва ё ҷинсияташ наметавонад таҳдид бошад, иштибоҳ аст .