Феврал 01, 2017 19:07 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ чаҳордаҳумин забони илмӣ дар дунё

Сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC) гуфт: Забони форсӣ дар тавлиди илм ба рутбаи чаҳордаҳуми ҷаҳон иртиқо ёфт.

Ба иттилои равобити умумӣ ва ҳамкориҳои илмии байналмилалии Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC), Муҳаммадҷаводи Деҳқон афзуд: Баррасии пойгоҳи истинодии Скопус нишон медиҳад, ки забони форсӣ дар соли 2016 ҷойгоҳи чаҳордаҳуми дунёро аз лиҳози тавлиди илм дар ҷаҳон касб кард, ки дар муқоиса бо соли 2012 ҳафти пилла афзоиш ва 54 дарсад рушдро нишон медиҳад .

Вай афзуд: Дар нақшаи ҷомеи илмии Эрон, ҳашт ҳадафи калон барои низоми илму фанноварии кишвар баршумурда шудааст, ки шашумини он беҳбуди ҷойгоҳи забони форсӣ дар байни забонҳои байналмилалии илмӣ аст .

Деҳқон гуфт: Ҳарчанд имрӯза забони англисӣ забони аслии илм маҳсуб мешавад, аммо каммияти тавлиди илм ба забони форсӣ дар пойгоҳҳои истинодии байналмилалӣ рушд доштааст .

Бар асоси иттилооти Пойгоҳи истинодии Скопус, ҷумҳурии исломии Эрон дар соли 2005 рутбаи 28 дунёро аз лиҳози теъдоди мадорики мунташиршуда ба забони форсӣ дар ихтиёр дошт .

Ба гуфтаи сарпарасти Пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (ISC), саҳми забони форсӣ аз кулли тавлиди илми дунё аз як садуми дарсад дар соли 2005 ба шаш садуми дарсад дар соли 2014 ва 2015 расидааст .

Дар соли 2014 саҳми забони арабӣ аз илми дунё як садуми дарсад буд, ин дар ҳолест, ки саҳми ин забон дар соли 2011 ва 2012 ҳудуди се даҳуми дарсад будааст .