Феврал 03, 2017 17:44 Asia/Dushanbe
  • Имоми ҷумъаи Теҳрон: Озмоиши мушакӣ намоиши иқтидори миллии Эрон аст

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон озмоиши ахири мушакии Эронро ҷилвае аз намоиши иқтидори миллии Эрон дар ҷаҳон донист.

Оятуллоҳ Сайид Аҳмади Хотамӣ, хатиби ин ҳафтаи намози ҷумъаи Теҳрон бо ишораи иддаои Ғарб дар хусуси нақзи Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) бо озмоиши мушакии Эрон афзуд, мавзӯи тавони мушакии Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ ва Барҷом матраҳ ва гунҷонда нашудаву танҳо ноқизи Барҷом - таҷдиди таҳримҳои 10- солаи Эрон аз сӯйи давлати Амрико аст.

Оятуллоҳ Хотамӣ фармони раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико, мабнӣ бар мамнуияти сафари атбои ҳафт кишвари исломӣ, аз ҷумла Эрон ба хоки он кишварро маҳкум кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ба эътирозҳои дохилӣ дар Амрикову кишварҳои аврупоӣ ба тасмими Трамп ишора ва таъкид кард, Арабистони Саудӣ ба унвони кишвари ҳомии террористҳову ҷараёнҳои ифротӣ дар ҷаҳон, ки низомиёни зиёде аз Амрико ба дасти ҳамин гурӯҳҳои террористӣ ба қатл расиданд, дар листи кишварҳои мамнӯа барои сафар ба Амрико қарор надорад.

Вай дар идома ба сивуҳаштумин Солрӯзи пирӯзии инқилоби исломии Эрон ишора ва хотирнишон кард, ҳузури шукӯҳманди миллати Эрон дар роҳпаймоии имсоли явмуллоҳи 22 –и баҳман ҷаҳониёнро бори дигар мутааҷҷиб хоҳад кард.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, ба баракати пирӯзии инқилоби исломӣ, Эрон яке аз кишвари мустақили ҷаҳон будаву миллати Эрон муқовиму устувор бар ормонҳои инқилоби исломӣ истодааст.

 

Барчасп